Вазъият барои андешаронӣ
Дар ҷуфт муҳокима кунед: ба шумо чӣ дода шудааст ва чӣ бояд кард? Кӯшиш кунед масъаларо ҳал кунед. Дар гурӯҳ нависед: барои ҳал чиро донистан лозим аст? Ин масъаларо дар дарси 2.3 · 3/5 ҳал мекунем.
Саволи калидӣ. Дар дафтар нависед: «Дар ин фасл ман мефаҳмам, ки ман чӣ тавр метавонам касрҳоро ба таври самарабахш ҷамъ ва тарҳ кунам».
Кулчақанди Сулаймон ва Машраб
Масъалаеро аз синфи 5 ба хотир оред. Кулчақанди Машраб ба се ва кулчақанди Сулаймон ба шаш ҳисса бурида шудааст. Сулаймон ва Машраб ҳиссаи кулчақанди худро хӯрд. Муайян кунед, ки бачаҳо якҷоя чанд ҳиссаи кулчақандро хӯрданд.