5.3. Вобастагии таносуби роста - Алгебра — синфи 7
дарс кушода мешавад…
2. Функсияҳо ва графикҳо
5.3. Вобастагии таносуби роста
1 соат
Назария
Дарси 3 аз 15
Хониш: 13 дақиқа
Саволҳо: 5
Вобастагии таносуби роста
Бо бузургиҳое, ки таносуби ростаро ташкил медиҳанд, шумо дар синфи 6 шинос шудаед. Ҳоло бо мисолҳои нав шинос мешавем.
Мисоли 1. Ҳангоми доимӣ будани суръати ҳаракат роҳи тайшуда S ва вақти барои ин роҳ сарфшуда t таносуби ростаро ташкил медиҳанд. Бигзор суръат 7 км/соат бошад: S=7t. Бо тағйир ёфтани t қиматҳои S низ тағйир меёбанд, вале нисбати онҳо ҳамеша ба ҳамон як адад баробар мемонад:
Мисоли 2. Нархи ягон маҳсулот доимӣ бошад. Миқдори маҳсулот x ва маблағи умумӣ p таносуби ростаро ташкил медиҳанд. Масалан, агар нархи як китоб 5 сомонӣ бошад, p=5x ва xp=5.
Мисоли 3. Ҳангоми якчанд маротиба афзудани дарозии тарафи квадрат a периметри он P низ ҳамон қадар афзоиш меёбад. Дар ҳақиқат, P=4a:
Дар мисолҳои боло тағйирёбандаҳо қиматҳои мусбат мегиранд, вале аз таъриф маълум аст, ки ҳам тағйирёбандаҳо ва ҳам k метавонанд қиматҳои манфӣ қабул кунанд.
Бигзор k=6, яъне y=6x. Ҳангоми x=3 будан y=6⋅3=18, ҳангоми x=−5 будан y=6⋅(−5)=−30. Аз формула x-ро ба воситаи y ифода мекунем: x=6y. Мувофиқи анъана ҳамеша аргументро бо x ва функсияро бо y ишора мекунанд, пас ҷойҳои x ва y-ро иваз менамоем: y=6x. Яъне агар коэффитсиенти мутаносибии байни x ва y ба k баробар бошад, коэффитсиенти мутаносибии байни y ва x ба k1 баробар аст.
Хосияти таносуб
Аз y=kx(k=0) баробарии xy=k ҳосил мешавад. Пас нисбати ду бузургии мутаносиб ҳамеша адади ғайрисифрӣ ва доимӣ аст. Бигзор x1,y1 ва x2,y2 — ду ҷуфт қиматҳои мувофиқи тағйирёбандаҳои мутаносиби роста. Нисбати xy барои ҳар ду ҷуфт ба k баробар аст, пас:
Пас масъала ба тақсими адад ба қисмҳои бо ададҳои 20, 24 ва 21 мутаносиб овард. Аз таносуби охирин x1=20k,x2=24k,x3=21k. Азбаски x1+x2+x3=162,5, мебинем 20k+24k+21k=162,5, яъне 65k=162,5,k=2,5. Ҳиссаҳо:
x1=20⋅2,5=50,x2=24⋅2,5=60,x3=21⋅2,5=52,5.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Оё бузургиҳо мутаносиби ростаанд:
а) масоҳати квадрат ва дарозии тарафи он;
б) масоҳати квадрат ва периметри он;
в) ҳаҷми куб ва дарозии теғаи он;
г) масоҳати доира ва радиуси он?
2. Нархи як воҳиди маҳсулот 70 сомонӣ аст. Формулае тартиб диҳед, ки он вобастагии байни миқдори маҳсулоти харидашуда x ва нархи умумии маҳсулот y-ро ифода намояд. Оё x бо y мутаносиби роста аст?
9. Майдони масоҳаташ 600 га ба чор қисми бо ададҳои 2, 3, 7 ва 8 мутаносиб ҷудо шудааст. Масоҳати ҳар як қисмро ёбед.
10. Омехтаи филизот аз мис, руҳ ва никел иборат аст. Массаи онҳо бо ададҳои 13; 4 ва 3 мутаносибанд. Агар дар таркиби ин омехта мис аз никел 2,4 кг зиёд бошад, массаи омехта чанд килограмм аст?
12. Винт 25 маротиба тоб хӯрда, ба андозаи 32,5 мм пеш меравад. Он бояд чанд бор тоб хӯрад, то ба андозаи 49,4 мм пеш равад?
Дар хона
13. Тағйирёбандаи x бо тағйирёбандаи y мутаносиби роста аст, ҳангоми x=2 будан y=8 мешавад. Аз ин истифода бурда, формулаи ин вобастагиро нависед ва ҷадвалро пур кунед: x=−3;−2;−1;0;1;2;3.
14. Тағйирёбандаҳои y ва x бо ҳам мутаносиби ростаанд. Коэффитсиенти ин мутаносибӣ 3 аст. Катакҳои холии ҷадвалро пур кунед: x=−3;−2,5;−2;−1;−1,5;5.
15. Тағйирёбандаҳои y ва x бо ҳам мутаносиби ростаанд. Коэффитсиенти ин мутаносибӣ 831 аст. Катакҳои холии ҷадвалро пур кунед: x=−3;−2,4;−2,1;−1,5;−1,2.
Такрор.
16. Муодиларо ҳал кунед:
а) 2,4x−2=−2x+3;
б) −1,5x+1,3=x−6,2;
в) −11−4x=3−28x;
г) −3,24+12x−7,76=2x−10.
17. Оё нобаробарӣ дуруст аст:
а) 241−31⋅232+51>0;
б) 3,225:(11,8+0,2)+1,2<15?
18. Ҳисоб кунед:
а) (6158−44521)⋅4,5−261:0,52;
б) (229+13312)⋅1,32
19. Қимати ифодаро ёбед:
а) 7:231+4:131;
б) 871−471:353;
в) (1252−651):7
Вазифаи хонагӣ
Машқҳои 13–19.
Бо мисоли худ нишон диҳед, ки нисбати xy барои вобастагии y=2,5x доимист (ҷадвалро барои панҷ қимат пур кунед).