Адади 47,8 аз 47 дида ба 48 наздиктар аст: агар вай аз 47 ба бузургии 0,8 воҳид фарқ карда бошад, пас аз 48 он 0,2 воҳид фарқ мекунад. Ҳамин тавр, барои 100 г чой 48 дирам супурдан лозим аст. Ҳангоми ҳалли масъала мо адади 47,8-ро бо 48 иваз кардем. Дар чунин маврид мегӯянд, ки адади 47,8 то якиҳо ё воҳидҳо яклухт карда шудааст.
Бо норасоӣ ва бо барзиёдӣ
Нуқтаи M (47,5) миёнаҷойи порчаи A (47) ва B (48) мебошад. Аз расм маълум аст, ки нуқтаҳои координатаҳояшон 47,1; 47,2; 47,3; 47,4 аз 48 дида, ба 47 наздиктар ҷойгиранд. Нуқтаҳои координатаҳояшон 47,6; 47,7; 47,8 ва 47,9 баръакс, аз нуқтаи A (47) дида, ба нуқтаи B (48) наздиктаранд. Нуқтаи M (47,5)-ро низ ба 48 наздиктар меҳисобем. Ҳамин тавр, ҳангоми партофтани разряди даҳякӣ мо ин касрҳои даҳиро ё бо 47 (бо норасоӣ) ё бо 48 (бо барзиёдӣ) яклухт карда метавонем. Дар натиҷа адад то якиҳо яклухт карда мешавад.
Нуқтаи K (47,24) аз нуқтаи B (48) дида, ба A (47) наздиктар ва нуқтаи P (47,78) аз нуқтаи A (47) дида, ба B (48) наздиктар ҷойгиранд. Ҳангоми то даҳякиҳо яклухт кардани адади 47,24 адади 47,2 ва ҳангоми бо барзиёдӣ яклухт кардани адади 47,78 адади 47,8-ро соҳиб мешавем.