Бузургиҳо бо воҳиди калонтар
Мо воҳидҳоро бо воҳидҳои мувофиқи аз онҳо хурдтар ифода карда метавонем:
- 28 см 6 мм = 28 · 10 мм + 6 мм = 286 мм;
- 28 см² 6 мм² = 28 · 100 мм² + 6 мм² = 2 806 мм²;
- 28 см³ 6 мм³ = 28 · 1 000 мм³ + 6 мм³ = 28 006 мм³;
- 28 кг 6 г = 28 · 1 000 г + 6 г = 28 006 г ва ғайра.
Воҳидҳоро бо воҳидҳои мувофиқи аз онҳо калонтар низ ифода кардан мумкин аст. Дар ин маврид аз касрҳои одӣ ё омехта истифода мебарем. Азбаски 1 мм = см, 1 мм² = см², 1 мм³ = см³ ва 1 г = кг аст, пас