Қисмҳои бутун баробаранд
Барои муқоиса намудани касрҳои даҳии қисмҳои бутунашон баробар, қисмҳои касрии онҳоро бо ҳам муқоиса намудан лозим аст. Агар разряди даҳякиҳои онҳо баробар бошанд, разряди садякиҳояшонро муқоиса кардан лозим аст ва ҳоказо.
Мисоли 2. Касрҳои 0,61302 ва 0,61301-ро муқоиса мекунем.
Разрядҳои даҳякӣ, садякӣ, ҳазорякӣ ва даҳҳазорякии ду адад баробаранд. Вале разряди садҳазорякии адади якум аз разряди ҳамноми адади дуюм калон аст: 2 > 1. Бинобар ҳамин адади якум аз дуюм калонтар аст: 0,61302 > 0,61301.
Мисоли 3. Ададҳои 2,38 ва 2,3804-ро муқоиса мекунем.
Адади якум баъд аз вергул ду рақам, вале адади дуюм чор рақам доранд. Бинобар ҳамин, дар охири адади якум дуто 0 навишта, бо ҳамин шумораи рақамҳои ҳар ду ададро баробар менамоем. Акнун ададҳои 2,3800 ва 2,3804-ро бо ҳам муқоиса менамоем. Азбаски се рақами аввали қисми касрии ҳар ду адад баробар буда, рақами чоруми адади дуюм калонтар аст, пас адади дуюм аз адади якум калон аст: 2,38 < 2,3804.
Аз мисолҳои овардашуда хулоса мебарояд, ки касрҳои даҳии баробар дар нури ададӣ ба ҳамон як нуқта мувофиқ меоянд. Касри даҳии хурд аз касри даҳии калон дар самти чап ва касри даҳии калон аз касри даҳии хурд дар самти рост ҷойгир мешаванд.
Дар вазъияти дарси гузашта: 3,8 = 3,800; 3,75 = 3,750; 3,805. Пас 3,75 < 3,8 < 3,805 — Мадина ғолиб аст. Бисёрии рақамҳо калонии касрро нишон намедиҳад.
Дар ҷадвал ду касрро зери ҳам гузоред: сифрҳои лозимиро илова кунед ва аз чап ба рост муқоиса кунед.