Қонунҳои ҷамъ
Қонунҳои ҷойивазкунӣ ва гурӯҳбандии ҷамъ барои касрҳои даҳӣ низ дурустанд:
- ҷойивазкунӣ: масалан, 2,35 + 1,4 = 1,4 + 2,35 = 3,75;
- гурӯҳбандӣ: масалан, (1,5 + 2,7) + 0,3 = 1,5 + (2,7 + 0,3) = 4,5.
1 соат
Қонунҳои ҷойивазкунӣ ва гурӯҳбандии ҷамъ барои касрҳои даҳӣ низ дурустанд:
Бо ёрии онҳо ҳисобро осон мекунем: ададҳоеро, ки якҷоя адади бутун медиҳанд, аввал ҷамъ мекунем.
Мисоли 4.
Мисоли 5. Агар бузургиҳо бо воҳидҳои гуногун дода шуда бошанд, аввал онҳоро ба як воҳид мегардонем: 3 кг 450 г + 1 кг 870 г = 3,45 кг + 1,87 кг = 5,32 кг.
1. Қонуни ҷойивазкунии ҷамъро барои ҷуфти ададҳо санҷед: а) 1,74 ва 2,16; б) 74,25 ва 36,703.
2. Қонуни гурӯҳбандии ҷамъро барои сегонаи ададҳо санҷед: а) 3,24; 27,64 ва 12,03; б) 1,347; 14,367 ва 142,18.
3. Аз майдони якум 48,75 т ва аз майдони дуюм 12,25 т зиёдтар картошка ҷамъоварӣ намуданд. Аз ҳар ду майдон чӣ қадар картошка ҷамъоварӣ намуданд?
4. Фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000-ум 14 255 ҳазор га буд. Аз ҷумла, замини кишт 850,2 ҳаз. га, марғзору чарогоҳ 3 250,1 ҳаз. га, ҷангалзор 151,0 ҳаз. га. Ин се адади охиринро ҷамъ кунед. Суммаи ҳосилшуда, тақрибан, чанд ҳиссаи Фонди замини Тоҷикистонро ташкил медиҳад?
5. Дар обанбори Норак ҳоло тақрибан 9,3 млрд м³ об мавҷуд аст. Дар обанбори Роғун бояд аз ин 4 млрд м³ зиёдтар об захира карда шавад. Ғунҷоиши обанбори Роғун чӣ қадар хоҳад шуд?
6. Амали ҷамъро иҷро кунед:
7. Суммаи ададҳоро аз рӯйи ҳар як сутун ва ҳар як сатри ҷадвал ёбед (дар дафтар ҷадвалро бо як сутун ва як сатри иловагӣ кашед ва суммаҳоро дар онҳо нависед). Оё суммаи ададҳои сатри охирин ба суммаи ададҳои сутуни охирин баробар мешавад?
| I | II | III | IV |
|---|---|---|---|
| 0,78 | 21,780 | 0,2862 | 0,68 |
| 1,03 | 14,237 | 2,8091 | 1,002 |
| 10,4 | 1,14 | 74,3172 | 7,34 |
8. Яке аз тарафҳои секунҷа 7,2 дм буда, тарафи дигараш аз он 10 дм ва тарафи сеюм аз тарафи дуюм 1,45 м дарозтар мебошанд. Периметри секунҷаро ёбед.
9. Масоҳати росткунҷа 6,25 см² буда, аз масоҳати квадрат 2,25 см² хурд аст. Масоҳати якҷояи ин ду шакли геометриро ёбед.
10. Массаи харбуза 4 кг 350 г, массаи тарбуз 8 кг 750 г ва массаи ҳандалак 2 кг 150 г аст. Массаи умумии ин се маҳсулотро бо касри даҳӣ ифода намоед.
11. Хатти шикаста аз 5 звено иборат аст. Дарозии ҳар яки онҳо ба 3,75 см баробар аст. Дарозии хатти шикастаро ёбед.
12. Дар кӯли Сарез ҳоло тақрибан 17,2 км³ об ғун шудааст. Онро бо литр ифода намуда, ҳаҷми оби онро бо ҳаҷми оби обанбори Норак (ниг. ба № 5) муқоиса намоед. Ишора: 1 км³ = 1 000 000 000 м³, 1 м³ = 1 000 л.
13. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳисоби км² чунин масоҳатҳо доранд: Мастчоҳи Кӯҳӣ бо Айнӣ — 5 158,6; Ашт — 2 785,5; Зафаробод — 441,0; Исфара — 880,9; Конибодом — 828,9; Мастчоҳ — 4 712,3; Панҷакент — 3 670,9; Спитамен — 355,7; Истаравшан — 1 830,1; Хуҷанд — 2 651,7; Деваштич — 1 588,7 ва Ҷаббор Расулов — 321,4. Масоҳати вилояти Суғдро ёбед.
14. Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳисоби км² чунин масоҳатҳо доранд: Сангвор (бо Нуробод) — 7 127,8; Исмоили Сомонӣ — 3 302,8 (якҷоя бо Варзоб); Ваҳдат — 3 987,29; Турсунзода — 1 175,4; Файзобод — 1 171,5; Рашт — 5 346,9; Ҳисор — 1 982,1; Лахш — 4 580,1. Масоҳати умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ёбед.
15. Қимати ифодаро ҳисоб кунед:
16. Ададҳоро муқоиса намоед: а) 12,353 ва 123,53; б) 6,3989 ва 7,0004; в) 0,34561 ва 00,34561; г) 0,12345 ва 0,012345.
17. Суммаро ёбед:
18. Муодилаҳоро ҳал кунед:
19. Касри якуми одӣ буда, касри дуюм аз он воҳид, касри сеюм аз касри дуюм воҳид зиёд мебошанд. Суммаи ин се касрро ёбед.
20. Массаи мурғ аз массаи харгӯш 3 маротиба кам буда, массаи харгӯш аз массаи мурғ 4 кг зиёд аст. Массаи ҷонваронро ёбед.
Саволи калидӣ: Чаро ҳангоми ҷамъ вергулро зери вергул менависем?
Даҳонӣ ҳисоб кунед:
Ҷамъи касрҳои даҳӣ — ҳамон ҷамъи ададҳои натуралӣ аст: разряди якхела бо разряди якхела. Вергул танҳо нишон медиҳад, ки якиҳо дар куҷо тамом мешаванд.
Мулоҳиза мекунем
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):