Тарҳ ҳамчун ададҳои омехта
Барои ҳалли ин масъала аз адади 78,4 адади 42,35-ро тарҳ кардан лозим аст:
1 соат
Барои ҳалли ин масъала аз адади 78,4 адади 42,35-ро тарҳ кардан лозим аст:
Сими якум аз сими дуюм 36,05 м дарозтар будааст.
Тарҳи касрҳои даҳиро ба тарзи «таг ба таг» низ иҷро намудан мумкин аст. Барои ин ададҳои додашударо тавре менависанд, ки вергулҳои касрҳои даҳӣ дар як сутун таг ба таг ҷойгир шаванд. Дар ин маврид касрҳои даҳиро ҳамчун ададҳои натуралӣ тарҳ карда, дар поёни ҳамаи вергулҳо аломати вергули натиҷаро гузоштан мумкин аст:
Мисол. Амали тарҳро иҷро мекунем:
Банди г)-ро қадам ба қадам бинед: ба 4,4 ду сифр илова мекунем ва «қарз»-ро аз болои сифрҳо мегирем.
Чун дар мавриди ададҳои натуралӣ дурустии иҷрои амали тарҳро бо воситаи амали ҷамъ тафтиш намудан мумкин аст: барои ин тарҳкунандаро бо натиҷаи тарҳ ҷамъ карда, тарҳшавандаро ҳосил намудан лозим аст. Дар масъалаи овардашуда амали тарҳ дуруст иҷро шудааст, чунки 42,35 + 36,05 = 78,40 = 78,4.
1. Амали тарҳро иҷро карда, натиҷаашро бо воситаи амали ҷамъ тафтиш намоед:
2. Аз пораи сими дарозиаш 20 м пораи ба 6,75 м баробарашро бурида гирифтанд. Чанд метр сим боқӣ монд?
3. Дар рафи мағоза пораи панири массааш 3,840 кг гузошта шуда буд. Фурӯшанда 1 кг 975 г-и онро ба шахсе фурӯхт. Чӣ қадар панир боқӣ монд?
4. Амалҳоро иҷро намоед:
5. Амалҳоро иҷро намоед: а) 48,7 − (24,65 + 12,0072); б) (87,6 + 45,93) − 100,002.
Саволи калидӣ: Тарҳи касрҳои даҳӣ ба тарҳи ададҳои натуралӣ чӣ монандӣ дорад?
Даҳонӣ ҳисоб кунед:
Масъала. Дарозии сими якум 78,4 м ва дарозии сими дуюм 42,35 м аст. Сими якум аз сими дуюм чӣ қадар дарозтар аст?
Кӯшиш мекунем
Барои аз ягон касри даҳӣ тарҳ кардани касри даҳии дигар онҳоро чунон навиштан лозим аст, ки вергулҳояшон дар як сутун ҷой гиранд. Ҷойи разрядҳои холиро бо сифрҳо пур намуда, касрҳоро ҳамчун ададҳои натуралӣ тарҳ мекунанд ва дар натиҷа дар зери сутуни вергулҳо вергул мегузоранд.