Разрядҳои пас аз вергул
Дар мавзӯи 2.1 мо тарзи ба разрядҳо ҷудо кардани адади натуралиро омӯхтем. Қимати рақамҳои баъд аз вергул навишташуда низ ба мавқеи ишғолкардаи рақам вобаста мебошад. Масалан, касри 0,7777-ро ин тавр навиштан мумкин аст:
1 соат
Дар мавзӯи 2.1 мо тарзи ба разрядҳо ҷудо кардани адади натуралиро омӯхтем. Қимати рақамҳои баъд аз вергул навишташуда низ ба мавқеи ишғолкардаи рақам вобаста мебошад. Масалан, касри 0,7777-ро ин тавр навиштан мумкин аст:
Ҳамин тавр, рақами 7-и аввал шумораи даҳякиҳо, рақами 7-и дуюм шумораи садякиҳо, рақами 7-и сеюм шумораи ҳазорякиҳо ва рақами 7-и чорум шумораи даҳҳазорякиҳои касри даҳиро нишон медиҳад. Аз ин ҷост, ки разряди якуми баъди вергул омадаро разряди даҳякӣ, дуюмашро разряди садякӣ, сеюмашро разряди ҳазорякӣ ва ғайра меноманд.
Мисоли 1. Дар адади 1 465,328 разряди даҳякӣ ба 3, разряди садякӣ ба 2 ва разряди ҳазорякӣ ба 8 баробар аст. Разряди калонтарини адади мазкур ҳазорӣ буда, разряди хурдтаринаш ҳазорякӣ мебошад. Адади додашударо ин тавр ба разрядҳо ҷудо мекунанд:
Дар ҷудокунии адад ба разрядҳо ҳар як разряди минбаъда аз разряди пеш аз он омада 10 маротиба хурд аст. Масалан, разряди садякӣ аз разряди даҳякӣ 10 маротиба хурд аст, чунки 0,1 = 0,10 ё ки аст. Айнан ҳамин тавр, разряди ҳазорякӣ аз разряди садякӣ 10 маротиба хурд аст, зеро 0,01 = 0,010 ё ки мебошад ва ғайра.
Мисоли 2. Адади 0,8 аз адади 0,08 даҳ маротиба калон аст; адади 0,08 аз адади 0,008 даҳ маротиба калон аст. Адади 0,0005 аз адади 0,005 даҳ маротиба хурд аст. Адади 0,005 аз адади 0,05 даҳ маротиба хурд аст. Адади 0,05 аз адади 0,5 даҳ маротиба хурд аст.
Мисоли 3. Дарозиро бо воҳидҳои омехта менависем: 0,1 м = 1 дм, 0,01 м = 1 см, 0,001 м = 1 мм. Бинобар ин
Дар ҷадвал рақами разряди номбаршударо ёбед: қимати ҳар рақам дар поён пайдо мешавад.
1. Разрядҳои якӣ ва даҳякии ададҳоро номбар кунед: 7 126,342; 764,046; 38,60; 4,56; 0,072; 0,07; 1,6.
2. Касри даҳиро нависед, ки аз:
3. Разрядҳои ададро аз чап ба рост хонед ва онҳоро нависед: 843,54; 104,705; 220,022; 3,1234; 0,37841.
4. Дарозии хона 10 м 8 дм 6 см 2 мм аст. Онро бо ҳиссаҳои метр, детсиметр, сантиметр ва миллиметр ифода намоед.
5. Массаи бор 5 т 3 сентнеру 8 кг 25 г аст. Онро бо ҳиссаҳои тонна, сентнер, килограмм ва грамм нависед.
6. Дарозии порча ба 1,475 м баробар аст. Онро бо метр, детсиметр, сантиметр ва миллиметр ифода намоед.
7. Дар қуттии дастгоҳи корхона массаи он навишта шудааст: 4,3852 т. Массаи дастгоҳро бо тонна, сентнер, килограмм ва граммҳо ифода намоед.
8. Фаҳмонед, ки разрядҳои навишташуда аз ҳамдигар чӣ гуна фарқ мекунанд: а) 4,4444; б) 0,12345. Ин ададро ба разрядҳо ҷудо карда онро хонед.
9. Хатти шикастаи ABCDE-ро тасвир намоед, агар AB = 0,8 дм, BC = 3,5 см, CD = 0,4 дм, DE = 3,65 см бошад.
10. Касри даҳиро нависед, агар вай аз: а) 5 бутуну 3 садякӣ ва 5 ҳазорякӣ иборат бошад; б) 0 бутуну 1 даҳякию 256 даҳҳазорякӣ иборат бошад.
11. Тарафи квадрат 3 м 2 дм 46 см аст. Онро бо метр, детсиметр ва сантиметр ифода намоед.
12. Касрҳои даҳиро нависед ва онҳоро хонед: 14,025; 3,001; 126,9870; 1 003,700; 0,50502.
13. Ададҳоро ба разрядҳо ҷудо кунед: 18,024; 120,607; 2 961,3452; 1 111,11111; 0,33333.
14. Амалҳоро иҷро намоед:
15. Заврақи мотордор бо равиши ҷараёни оби дарё 2,5 соат ва ба муқобили он 3,2 соат шино кард. Роҳи тайкардаи заврақро ёбед, агар суръати он дар оби ором 22 км/соат буда, суръати ҷараёни об 3 км/соат бошад. Ишора: 25 · 2,5 = 25 · 2 + 25 : 2; 19 · 3,2 = 19 · 3 + 19 · 0,2.
16*. 9 кг шакар ва яктогӣ сангҳои тарозуи массаҳояшон 50 г ва 200 г мавҷуданд. Чӣ тавр бо се баркаш дар тарозуи дупалладор 2 кг шакар баркашидан мумкин аст?
17*. 18 адад ниҳоли дарахти нодирро дар чор тарафи майдони квадратшакл тавре шинонидан лозим аст, ки шумораи дарахтон дар чор тарафи квадрат бо ҳам баробар бошад. Ин корро чӣ тавр амалӣ сохтан мумкин аст? Нақшаашро тасвир намоед.
18. Сайёҳ дар 1 соат 6 км роҳ рафт. Ӯ дар 1 дақиқа кадом масофаро тай кард? Дар 15 дақ.-чӣ?
19. Периметри секунҷаро ёбед, агар дарозии тарафҳояш чунин бошанд: 45,3 дм; 14,48 дм ва 50,05 дм.
20. Ҳамаи ҳамон ададҳои x-ро нависед, ки махраҷи қисми касриашон 10 буда, нобаробарии зеринро қонеъ созанд:
21. 1 см³ кадом ҳиссаи дм³-ро ташкил медиҳад? 1 мм³ кадом ҳиссаи 1 м³-ро ташкил медиҳад?
22. Ронанда ҳангоми ҳаракати мошинаш аввал 55 л ва баъд 35 л бензинро сарф кард. Ӯ ҳамагӣ ҳиссаи бензини бакро сарф кард. Бак чӣ қадар бензин дошт?
23. Қимати ифодаро ёбед:
Саволи калидӣ: Рақами 7 дар 0,7 ва дар 0,07 чиро ифода мекунад?
Даҳонӣ ҷавоб диҳед:
Дар варзиши давидан натиҷаи Аҳмад 12,47 сония, натиҷаи Бахтиёр 12,74 сония шуд. Ҳарду адад аз ҳамон рақамҳо — 1, 2, 4, 7 — иборатанд. Чаро ин ададҳо гуногунанд?
Кӯшиш мекунем
Ҳангоми ҷойивазкунии рақам ба як разряд ба самти чап, қимати он 10 маротиба зиёд шуда, ҳангоми ба самти рост ба як разряд ҷой иваз кардани рақам, қимати он 10 маротиба кам мешавад.
Мулоҳиза мекунем
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):