Чаро қоидаҳо лозиманд?
Истифодабарандагони компютер баъзан соатҳои дароз дар назди монитор менишинанд. Махсусан кӯдакон ва наврасон бо бозиҳои дӯстдоштаи худ машғул шуда, нафаҳмида мемонанд, ки аз меъёр зиёдтар нишастаанд. Дар натиҷа аксар вақт аз дарди сар, мондашавии чашм ва хастагӣ шикоят мекунанд.
Ин бесабаб нест. Тасвирҳои экрани монитор бо нурҳои электронӣ сохта мешаванд, бинобар ин монитор ба маънои муайян нур мепошад. Мониторҳои имрӯза бо воситаҳои махсуси ҳимоя таъмин шудаанд, вале на ҳамеша безарарии пурраро таъмин карда метавонанд. Тарроҳон ва истеҳсолкунандагони компютерҳо ҳамеша мекӯшанд, ки таъсири номусоиди компютер ба саломатӣ камтар бошад ва дар ин самт ба натиҷаҳои хуб расидаанд. Лекин шахсони зиёд кор кунанда бештар аз шиддати чашм, хастагии умумӣ ва дарди мушакҳо шикоят мекунанд.
Аксари ин ҳодисаҳо аз надонистани қоидаҳои асосии санитарию гигиенӣ рӯй медиҳанд. Агар реҷаи корро дуруст тартиб диҳем, кор дар назди компютер на танҳо безарар, балки ҳаловатбахш низ мешавад.