Аз толорҳои калон то компютери фардӣ
Компютерҳои насли якум (солҳои 1940–50-ум) таҷҳизоти хеле бузург буданд. Барои ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳои онҳо толорҳои васеъ лозим буд. Масалан, аввалин МЭҲ – ENIAC (1946) тақрибан 30 тонна вазн ва тақрибан 30 метр дарозӣ дошт. Барои хизматрасонии он даҳҳо муҳандису техник кор мекарданд. Чунин мӯъҷиза танҳо барои корхонаҳои калон ва тавоно дастрас буд.
Ширкатҳое, ки компютер ва дигар таҷҳизоти электронӣ месохтанд, барои ба даст овардани бозор ҳамеша мекӯшиданд, ки маҳсулотро зудтар истеҳсол кунанд ва арзонтар фурӯшанд. Дастовардҳои технологӣ ба ин мусоидат мекарданд.
Транзистор ва нақшаи интегралӣ
Қадами аввал дар хурд кардани компютерҳо ба ихтирои транзисторҳо (соли 1948) вобаста аст. Транзисторҳо дар компютерҳо лампаҳои электрониро иваз карданд ва ҳаҷм ва нархи онҳоро тағйир доданд. Масалан, соли 1965 ширкати Digital Equipment мини-компютери PDP-8-ро истеҳсол кард: ҳаҷмаш баробари яхдон ва нархаш тақрибан 20 ҳазор доллар буд.
Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як пластинаи нимноқилӣ ҳосил кардани якчанд транзисторро кор карда баромад. Соли 1959 Роберт Нойс, асосгузори ширкати Intel, усули мукаммалтареро фикр кард: дар як тахтача ҳам транзисторҳо ва ҳам пайвастагиҳои байни онҳоро сохтан мумкин буд. Нақшаҳои электронии ҳосилшударо схемаҳои интегралӣ ё чипҳо мегуфтанд.
Микропротсессор
Корманди ширкати Intel Маршиан Эдвард (Тед) Хофф нақшаи интегралиро офарид, ки аз рӯйи вазифаҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд. Ҳамин тавр аввалин микропротсессор – Intel-4004 пайдо шуд (1971): ӯ якбора 4 бит иттилоотро коркард мекард. Соли 1972 Intel микропротсессори 8-битаи Intel-8008 ва соли 1974 намунаи мукаммалтари он Intel-8080-ро истеҳсол кард.
Алтаир-8800 – аввалин компютери фардӣ
Соли 1975 ширкати MITS дар асоси Intel-8080 аввалин микрокомпютер – Алтаир-8800-ро сохт. Нархи он тақрибан 500 доллар буд. Алтаир-8800-ро аввалин компютери фардӣ номидан мумкин аст; ҳаҷмаш бо ҳаҷми телевизор баробар буд.
Имкониятҳои он хеле ночиз буданд: хотираи фаврӣ ҳамагӣ 256 байт; сафҳакалид ва экран надошт. Вале пайдоиши онро дар тамоми ҷаҳон бо шавқ пешвоз гирифтанд: дар чанд моҳи аввал даҳҳо ҳазор чунин мошин фурӯхта шуд. Харидорон компютерро худашон бо қисмҳои иловагӣ – сафҳакалид, монитор, блоки хотираи васеъшуда – пурра мекарданд.
Дар ҳамон сол (1975) асосгузорони ширкати Microsoft Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 тафсиркунандаи (интерпретатори) забони BASIC-ро сохтанд, ки алоқаи байни корбар ва компютерро хеле осон кард.