Барои чӣ компютерҳоро тасниф мекунанд?
Қариб ягон соҳаи фаъолият нест, ки компютер дар он истифода нашавад. Талабот ба компютер ва хизматрасонии компютерӣ дар ҷомеа мунтазам меафзояд. Инсоният қадам ба қадам ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид мешавад. Барои ҳамин асри XXI-ро асри информатика ва технологияи иттилоотӣ меноманд.
Талабот ба иқтидори компютер вобаста ба хусусият ва ҳаҷми иттилооти коркардшаванда гуногун аст:
- дар марказҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ҳаҷми ҳисоб ва коркарди додаҳо зиёд аст, на компютерҳои одии фардӣ, балки компютерҳои пуриқтидортар истифода мебаранд;
- барои идораи парвози киштии кайҳонӣ ё пешгӯии обу ҳаво компютерҳои аз ҳама пуриқтидор лозиманд: дар ин ҷо бо амсилаҳои математикӣ иттилооти аз ҳад зиёд коркард мешавад;
- барои тайёр ва коркард кардани санадҳои матнӣ иқтидори камтар кифоя аст;
- барои офаридани филмҳои бадеӣ ё идораи шабакаҳои ҷаҳонии бонкӣ, ки ҳаҷми калони иттилооти тасвирӣ ё рақамиро коркард мекунанд, компютерҳои махсус ва хеле пуриқтидор заруранд.
Техника ва технологияи компютерӣ ончунон босуръат рушд мекунад, ки китобҳои дар бораи он навишташуда зуд кӯҳна мешаванд.
Тасниф чист?
Таснифи қатъӣ додан хеле мушкил аст, чунки компютер аз рӯйи як параметр ба як синф ва аз рӯйи параметри дигар ба синфи дигар мансуб шуда метавонад. Бинобар ин тасниф шартӣ аст. Масалан, компютерҳоро аз рӯйи ҳаҷми хотира, андозаи ҷисмӣ, зудкорӣ, соли барориш, ҷузъи пойгоҳӣ, соҳаи истифода ва ғайра ба синфҳо тақсим кардан мумкин аст.
Агар компютерҳоро аз рӯйи ин нишондодҳо дида бароем:
- таъинот ва имконоти онҳо дар коркарди иттилоот;
- имкониятҳои робитавии байни корбар ва компютер (интерфейс);
- ҳаҷми ҷисмии компютер;
- имкониятҳои захиравӣ ва ғайра,
онҳоро ба ду синфи калон тақсим мекунанд: калон (абаркомпютер, сервер) ва хурд (фардӣ, саноатӣ, портативӣ).
Барои чӣ ин нишондодҳо муҳиманд?
Муҳитеро тасаввур кунед, ки дар он кор танҳо аз нигаҳдорӣ, ҳифз, коркард ва интиқоли иттилоот иборат аст. Ин муҳити кории компютер аст. Хосият ва параметрҳои компютер ҳар қадар беҳтар бошанд, барои иҷрои ин вазифаҳо шароит ҳамон қадар беҳтар аст ва иттилоот зудтар коркард мешавад.
Баъзан ба компютер талаботи махсус ва ҷиддӣ мегузоранд: масалан, он бояд пуриқтидор бошад ва якчанд корбар дар як вақт бо он кор карда тавонанд. Дар ин ҳолат дар ҷойи аввал эътимоднокӣ меистад. Чунин компютерҳо бениҳоят гаронанд, ҳаҷман калон буда, масоҳати зиёдро банд мекунанд ва истифодаашон дониши махсуси барномасозиро талаб мекунад. Онҳоро шартан компютерҳои калон меноманд.
Барои супоришҳои муқаррарии таълимӣ, ҳалли масъалаҳои омӯзишӣ ва фароғатӣ, ки дар ҳаёти ҳаррӯза пеш меояд, компютерҳои синфи дигар лозиманд. Хосиятҳои асосии онҳо: нисбатан хурдҳаҷм, дар ҷойгузин боэътимод, барои корбар дастрас, дар истифода одӣ ва зуд азхудшаванда. Нархи онҳо аз компютерҳои калон хеле арзон аст. Барои ин компютерҳо таъминоти барномавии зиёд мавҷуд аст, ки корбар онро аз рӯйи зарурат худаш насб ё ҳазф мекунад, ва барои истифодаи онҳо дониши махсуси техникӣ ё математикӣ лозим нест. Ин синфро меноманд. Онҳоро шумо дар хона, синфхонаи компютерии мактаб, марказҳои компютерӣ ва ҷойи кори волидон қариб ҳар рӯз мебинед.