Компютер – як намуд мошин
Компютер пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинҳое, ки дар рӯзгори хонаву мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт истифода мешаванд, хеле монанд аст:
- чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад;
- аз якчанд қисми ба ҳам алоқаманд иборат аст;
- барои иҷрои ягон мақсади муайян хизмат мерасонад.
Маҳз ҳамин аломатҳо компютерро бо автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартарошӣ ё плитаи хӯрокпазӣ монанд мекунанд. Вале компютер боз хосиятҳои махсус дорад, ки онро аз дигар мошинҳо ба куллӣ фарқ мекунонанд.
Хосиятҳои компютер
1. Зудкорӣ
Хосияти аз ҳама асосии компютер – суръати беандоза баланди ҳисоббарории он аст. Худи калимаи computer ҳам «ҳисоббарор» мегӯяд. Компютерҳои аввалин дар як сония тақрибан садҳо ҳазор ададро ҷамъ мекарданд. Компютерҳои ҳозиразамон дар як сония миллиард ва аз он зиёдтар ададро ҷамъ карда метавонанд.
Вақте сухан дар бораи зудкории компютер меравад, ҳатто сонияро ҳам ченак намегиранд: аз микросония ва наносония истифода мебаранд.
2. Боэътимодӣ
Шахсе, ки бо қаламу коғаз ҳисоб мекунад, дар як соат як ё якчанд бор хато карда метавонад ва пас аз якчанд соат аз хастагӣ боз зиёдтар хато мекунад. Компютер ҳисобро зудтар ва аниқтар иҷро мекунад ва якчанд соат ё ҳатто рӯзҳо бетанаффус кор карда, «аз хастагӣ шикоят намекунад».
3. Нигоҳ доштани иттилоот ва фармонҳо
Дигар арзиши муҳимми компютер – имконияти қабул кардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани иттилоот ва фармонҳо аст. Оё мошини дигареро номбар карда метавонед, ки чунин хосият дошта бошад? Мошини чопгари муқаррарӣ, механикӣ ё барқӣ, пагоҳ матни имрӯз чопкардаашро ба хотир оварда наметавонад. Компютер бо ёрии як ё якчанд фармон ҳамон матнро даҳҳо маротиба ва барои даҳҳо шахси гуногун барқарор мекунад.
4. Электронӣ будан
Хосияти марказӣ ва муҳимтарини компютер – таҷҳизоти электронӣ будани он аст. Маҳз барои ҳамин ва асосан барои ҳисоббарорӣ истифода шуданаш, онро дар ибтидо мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) меномиданд. Компютер ҳамаи супоришҳоро бо ёрии барномаҳо худкор, яъне бе иштироки одам иҷро мекунад. Идоракунии аксарияти мошинҳои ғайри-МЭҲ асосан ба уҳдаи инсон гузошта шудааст.
5. Ҳамакорӣ
Компютерҳои замони мо на танҳо механизмҳои ҳисоббарории одӣ, балки мошинҳои ҳамакор (универсалӣ) мебошанд. Ҳамакорӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо бо иттилооти табиати гуногун (матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, чандрасонаӣ) ва масъалаҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёт сару кор доранд.