Ҳамсони IBM PC ва бегона
Микрокомпютерҳоро ба ду навъ ҷудо мекунанд: ҳамсони IBM PC ва бо IBM PC бегона. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX зиёда аз 90 % микрокомпютерҳои дар ҷаҳон истеҳсолшударо компютерҳои ҳамсони IBM PC ташкил медоданд. Имрӯз IBM PC ба стандарти микрокомпютери ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Принсипи архитектураи кушода имкон дод, ки микрокомпютерҳои ҳамсони IBM PC дар тамоми олам бо ҳамин ном истеҳсол шаванд:
- ширкатҳои истеҳсолкунанда бо ҳам рақобат карда, компютерро такмил медоданд ва нархи онро пайваста паст мекарданд;
- истифодабарандагони одӣ низ имконият пайдо карданд, ки микрокомпютери худро мустақилона такмил диҳанд, қисмҳои алоҳидаи онро нав кунанд ва имкониятҳои корашро васеъ кунанд.
Макинтош
Ягона микрокомпютери бо IBM PC бегона, ки нисбатан маъруф аст, компютери Макинтош (Macintosh)-и ширкати Apple мебошад. Он дар асоси платформаи дигар – системаи амалиётии махсуси Mac OS (имрӯз – macOS) сохта шудааст ва то ҳол истифода мешавад.
Компютерҳои Макинтошро ҳамчун нуқтаҳои кории комили шабакавӣ ва компютерҳои пойгоҳии корхона истифода бурдан мумкин аст. Барои онҳо таъминоти барномавии системавӣ ва татбиқии зиёд омода шудааст, ки бо форматҳои барномаҳои маъмули компютерҳои фардӣ, ба монанди MS Word ва Adobe Photoshop, мутобиқат мекунад. Компютерҳои Макинтошро бештар дар соҳаҳои графиксозӣ ва полиграфия истифода мебаранд.
Компютерҳои кисагӣ (PDA)
Идораи PDA одатан бо экрани начандон калон сурат мегирад: бо ангушти даст ё қалами махсус (стилус) ба экран зер карда, фармон медиҳанд. Дар аксарияти PDA сафҳакалиди алоҳида ва муш истифода намешавад.
Дар компютерҳои кисагӣ микропротсессорҳои хеле сарфакор ва хотираи нисбатан хурд ҷой дода мешавад, барои ҳамин имкониятҳои ҳисоббарории онҳо ҳеҷ гоҳ ба компютерҳои рӯйимизӣ ва портативӣ баробар шуда наметавонад. Вале онҳо ҳамаи ҷузъҳои компютери фардиро доранд: микропротсессор, хотираи фаврӣ, хотираи беруна, монитор, системаи амалиётӣ, барномаҳои зиддивирусӣ, таъминоти барномавии амалӣ ва ҳатто бозиҳо.
Қисми зиёди компютерҳои кисагӣ вазифаи телефони мобилӣ-ро низ иҷро мекунанд. Онҳо бо модули иртиботӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки тавассути он на танҳо алоқаи телефонӣ барқарор мешавад, балки дар ҳолати мавҷуд будани алоқаи мобилӣ (форматҳои GSM/GPRS ва CDMA) аз нуқтаи дилхоҳ ба Интернет пайваст шудан имконпазир аст.
Компютерҳои шабакавӣ (нетбук)
Дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри XX ҳангоми рушди шабакаҳои саросарии компютерӣ намуди нави микрокомпютерҳои портативӣ пайдо шуд, ки онҳоро компютерҳои шабакавӣ ё нетбук (Netbook) меноманд. Онҳо асосан барои кор бо шабакаҳои компютерӣ пешбинӣ шудаанд.