Суҳбат дар бораи оянда
Системаҳои компютерӣ бо суръати бениҳоят баланд рушд мекунанд. Барои боварӣ ҳосил кардан, аз бародарону хоҳарони калонсолатон бипурсед, ки дар наврасии онҳо чунин дастовардҳои техникӣ буданд ё не. Ҳамагӣ чанд сол пеш олимони ҷавон барои ёфтани китобҳои илмӣ ва адабӣ душворӣ мекашиданд. Имрӯз бошад, кифоя аст, ки ба вебсаҳифаи ҷустуҷӯии Интернет муроҷиат кунем.
Компютер ва системаҳои компютерӣ имрӯз дари худ ва ҷаҳони донишро ба шумо – наврасону ҷавонон боз кардаанд. Компютер барои шумо офарида шудааст, на шумо барои компютер! Дар омӯзиш ва баланд бардоштани дониш ва малакаи худ аз он моҳирона, мисли қалам ва дафтар, истифода баред. Бигзор насли шумо аз истифодабарандаи оддии компютер ва технологияи иттилоотӣ ба эҷодкунанда ва созандаи онҳо табдил ёбад. Барои ин имрӯз ҳама имкониятҳо мавҷуданд: аз шумо танҳо кӯшиш, ғайрат ва, муҳимтар аз ҳама, хоҳиш ва муҳаббат ба донишандӯзӣ лозим аст.
Даҳ сол пеш одамон тасаввур карда наметавонистанд, ки имрӯз дар ин самт чунин пешравиҳо мешавад. Барои ҳамин пешгӯӣ кардани он, ки пас аз 10 соли оянда чӣ мешавад, хеле душвор аст. Мо танҳо дар бораи самтҳои имконпазири рушд сухан гуфта метавонем. Ягон соҳаи дигарро номбар кардан душвор аст, ки мисли системаҳои компютерӣ рушд карда тавонад. Беҳуда нест, ки асри XXI асри информатика, технологияи иттилоотӣ ва системаҳои компютерӣ ном гирифтааст.
Самтҳои рушд
Хидматрасонӣ
Иртиботи иттилоотӣ ва амалиёти бонкии байни кишварҳо тавассути компютерҳо идора мешавад. Фурӯши чиптаҳо барои ҳавопаймо ва қатора, банд кардани ҷой дар меҳмонхона ва муайян кардани хатсайр барои сайёҳон ба компютер вобастаанд. Имрӯз компютерҳое, ки дар шакли робот сохта шудаанд, имконияти муошират бо инсонро доранд: ба саволҳо ҷавобҳои мантиқан дуруст пешниҳод мекунанд. Робот-компютерҳо дар меҳмонхонаҳо вазифаи хидматчиро иҷро мекунанд: борҷомаи меҳмонро мебардоранд ва ӯро то ҳуҷраи муайяншуда ҳамроҳӣ мекунанд.
Иттилоотонии ҷомеа
Пештар компютерро асосан барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи иттилоот истифода мебурданд. Имрӯз бо пайдоиши шабакаҳои гуногун имконияти иртиботии он хеле васеъ шудааст. Муҳити иттилоотии ҷомеа тағйир ёфтааст: одамон барои иттилооти нав камтар ба рӯзнома, радио ва телевизион муроҷиат мекунанд. Онҳо хабарҳои навтаринро асосан тавассути Интернет, бо ёрии компютер дастрас мекунанд. Ҳатто барои тамошои барномаҳои телевизионӣ ва шунидани барномаҳои радио аз компютер истифода мебаранд.
Рушди худи системаҳо
Самти оянда – соддагардонӣ, баланд бардоштани эътимоднокӣ, беҳтар кардани хосият ва параметрҳо ва боз ҳам хурдтар кардани техникаи компютерӣ. Барои мубодилаи иттилоотии сифатан нав байни компютерҳо технологияҳои инноватсионии робитавӣ истифода мешаванд:
- хатҳои инфрасурх;
- хатҳои алоқаи телевизионӣ;
- технологияи рақамии зудсуръати бесим.