Компютерҳои калон
Таърихи рушди техникаи компютерӣ аз сохтан ва истифодаи мошинҳои ниҳоят калон оғоз ёфтааст. Ҷузъи пойгоҳии онҳо низ роҳи дуру дарозро тай кардааст: аз лампаҳои электронӣ-вакуумӣ то нақшаҳои интегралии пурқуввати имрӯза.
Имрӯз синфи компютерҳои калонро мошинҳое ташкил медиҳанд, ки имкониятҳои хеле зиёд доранд ва дар асоси дастовардҳои охирини илму техника сохта шудаанд. Барои сохтани онҳо ширкатҳо маблағи калон сарф мекунанд. Барои ҳамин онҳо хосиятҳои беҳтарини техникӣ доранд ва бениҳоят эътимодноканд. Ҳаҷми онҳо калонтар аст, барои ҷойгир шудан дар бино масоҳати зиёдтар лозим аст. Дар онҳо якбора якчанд корбар кор карда метавонад.
Синфи компютерҳои калонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: серверҳо ва абаркомпютерҳо. Ба ин синф боз мейнфреймҳо низ мансубанд.
Сервер
Вазифаи аввалиндараҷаи сервер – хизмат расонидан ба компютерҳои алоҳидаи ба он пайвастшуда ва ба шабакаҳои компютерӣ. Дар сервер ҳаҷми бениҳоят зиёди иттилоот нигоҳ дошта мешавад. Рушди босуръати системаҳои телекоммуникатсионӣ ба пешравии ин самти техникаи компютерӣ сабаб шудааст.
Серверҳо вобаста ба вазифа намудҳои гуногун ва иқтидорҳои гуногун доранд. Баъзеро шартан ба синфи компютерҳои хурд мансуб медонанд, вале қисми зиёди онҳо ҳақиқатан мошинҳои азиманд. Компютери дилхоҳро низ сервер кардан мумкин аст: барои ин кифоя аст, ки ба он барнома ва таҷҳизоти навъи зарурӣ насб ё илова карда шавад. Масалан, сервери сатҳи паст ва баъзан миёнаро аз ҷузъҳои компютери фардӣ сохтан мумкин аст; чунин сервер арзон аст ва ҷойи камро мегирад.
Талабот ба серверҳо
- зудкорӣ ва эътимоднокӣ;
- имконияти захира кардани нусхаҳои эҳтиётии иттилоот;
- корҳои профилактикӣ ва таъмирӣ бояд тавре гузаронида шаванд, ки кори сервер ва компютерҳои ба он пайваст ягон лаҳза қатъ нашавад.
Қатъ шудани кори сервер ба системаи коммуникатсионӣ халали ҷиддӣ меорад ва ҳатто ба гум шудани иттилоот оварда метавонад.
Намудҳои серверҳо
Серверҳоро барои хизматрасониҳои гуногун ва нигоҳдории иттилоот истифода мебаранд. Вобаста ба таъинот онҳоро чунин меноманд:
Таъйиноти ҳар гуна компютерро аз рӯйи таъминоти барномавии он муайян кардан мумкин аст. Агар ба компютери дилхоҳ барномаҳои шабакавии мувофиқ насб кунем, он ба сервер табдил меёбад. Як сервер метавонад дар як вақт якчанд вазифаро иҷро кунад: ҳам почтавӣ, ҳам замимавӣ ва ғайра. Дар чунин ҳолат абарсервер (суперсервер) истифода мебаранд. Мақсад – иттилоот бештар мутамарказ шавад ва ба шумораи зиёди корбарони шабака дастрас бошад. Абарсерверҳо аз рӯйи имкониятҳо ба абаркомпютерҳо хеле наздиканд. Солҳои охир талабот ба ҳамин навъи серверҳо афзудааст.