Кори пай дар пай ва кори параллелӣ
Компютерҳое, ки бар асоси меъмории Ҷон фон Нейман сохта шудаанд, ҳар як фармони барномаро пай дар пай, яъне аз рӯйи алгоритми хаттӣ иҷро мекунанд. Фармони навбатӣ танҳо пас аз иҷрои фармони қаблӣ иҷро мешавад (фармонҳо барои иҷро ба навбат меистанд). Барои ҳамин ҳалли масъала дар ин компютерҳо вақти зиёд мегирад.
Системаи ҳисоббарорӣ ҳамон вақт маҳсулнокии аз ҳама баландро соҳиб мешавад, ки бо ҷузъҳои зудсуръат таъмин бошад ва миқдори хеле зиёди амалҳоро ба таври параллелӣ иҷро карда тавонад. Абаркомпютерҳо маҳз аз рӯйи принсипи бисёрпротсессорӣ (мултипротсессорӣ) коркард кардани иттилоот кор мекунанд. Имконияти кори параллелии таҷҳизоти гуногуни система асоси зудамалии абаркомпютерро ташкил медиҳад.
Азбаски фармонҳои барнома якбора бо ёрии якчанд протсессори мустақили ба ҳам алоқаманд коркард мешаванд, суръати кори абаркомпютер ба таври чашмрас баланд мешавад. Ҳисобҳои параллелӣ махсусан ҳангоми кор бо массивҳои (маҷмӯаҳои) калони ададии ҷадвалҳои электронӣ васеъ истифода мешаванд, зеро бо онҳо бояд миқдори зиёди амалҳо дар як вақт иҷро шавад.
Принсипи конвейерӣ
Дар системаҳои мултипротсессорӣ барои масъалаҳое, ки амалҳоро параллелӣ иҷро кардан дар онҳо душвортар аст, принсипи конвейерӣ татбиқ мешавад.
Маҳсулнокии система аз он баланд мешавад, ки дар як вақт дар ҳамаи зинаҳо амалҳои зиёд иҷро мешаванд.
Ин тарзи коркард ҳамон вақт натиҷаи хуб медиҳад, ки конвейер бо кор пурра таъмин бошад ва суръати расидани додаҳои нав бо маҳсулнокии максималии конвейер мувофиқ бошад. Агар додаҳо дер ба зинаҳо расанд, дар як вақт миқдори ками амалҳо иҷро мешавад ва маҳсулнокии конвейер паст мешавад.
Ин принсип ба васли автомобил дар конвейер хеле монанд аст. Коргарон дар назди конвейер қатор меистанд ва пай дар пай кор мекунанд: якум асоси автомобилро болои конвейер мемонад, дуюм чархҳоро мечаспонад, сеюм муҳаррикро насб мекунад, чорум дарҳоро мустаҳкам мекунад ва ғайра. Ҳар қадар амалиёти коргарон соддатар ташкил шуда бошад, ҳамон қадар коргарони бештарро барои ҳамин навъи амал ҷалб кардан мумкин аст ва суръати умумии кори коргоҳ баландтар мешавад.