Майна ва компютер
Тарзи кори компютер ба тарзи кори майнаи инсон хеле монанд аст. Дар ҳар ду ҳолат иттилоот аз берун ворид мешавад ва дар як қисми муайяни хотира нигоҳ дошта мешавад. Баъд иттилооти мавҷуда коркард мешавад, тағйир меёбад ё бо иттилооти дигар муқоиса карда мешавад. Натиҷа дар шакли иттилооти нав ба берун дода мешавад.
Дар байни майна ва компютер ба ғайр аз монандӣ фарқ низ ҳаст. Майнаи инсон – узви олитарини организми зинда, хосиятҳои биологӣ дорад, ки ба мошинҳо хос нестанд. Муҳимтарин қобилияти майна – ҳал кардани масъалаҳо бо тарзҳои нав. Компютер бошад, ҳамчун таҷҳизоти электронӣ барои иҷрои ҳар вазифа дастур ва супоришҳои махсус талаб мекунад. Супориши компютерӣ бояд ҳамаи марҳалаҳои ҳалли масъаларо аниқ ва қатъӣ дар бар гирад. Танҳо ҳангоми иҷрои ин шарт компютер метавонад вазифаи мушаххасро иҷро кунад.
Барнома ва нармафзор
Нармафзорҳои муосир миллионҳо барномаи гуногунро дар бар мегиранд. Баъзеи онҳоро барномаҳои системавӣ, қисми дигарро барномаҳои татбиқӣ, сеюмро забонҳои барномасозӣ меноманд.
Истифодабарандаи компютер метавонад аз барномаҳои тайёр баҳра барад ё худаш чунин барномаҳо созад. Бо ёрии барномаҳо ҳам бозиҳои кайҳониро идора кардан ва ҳам масъалаҳои душвори математикиро ҳал кардан мумкин аст. Онҳо дар амалиёти бонкӣ, молиявӣ, тайёр кардани санадҳо, намоишномаҳо ва ғайра васеъ истифода мешаванд. Имрӯз соҳае нест, ки дар он барномаҳои компютерӣ истифода нашаванд.
Фармонҳои барнома метавонанд хеле сода ё хеле мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экран калимаи «Тоҷик» пайдо шавад, ду-се фармон кифоя аст, вале барои оддитарин бозии электронӣ ҳазорон фармон лозим аст. Барои он ки шумо ҳар дафъа бозии дӯстдоштаатонро бозӣ кунед, ҳамаи он фармонҳоро аз нав ворид кардан лозим нест: барномаро дар диски магнитӣ ё барандаи дигар як маротиба сабт карда, якчанд маротиба истифода мебаранд.
Сахтафзор ва нармафзор
Компютер аз қисмҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ (сахтафзор – hardware) ва барномавӣ (нармафзор – software) иборат аст. Вай амалҳои оддии арифметикӣ ва мантиқӣ ва амалҳои дигарро иҷро мекунад: ҷамъ ё зарб кардани ду адад, муқоисаи қимати ду бузургӣ, интиқоли иттилоот аз як ҷои хотира ба ҷои дигар, воридсозӣ, таҳрир ё форматбандии матн, кашидани расм ва коркарди ҳар гуна иттилоот. Компютер як амалро иҷро карда, худкор ба амали дигар мегузарад ва ба ин тартиб пайдарпайии хеле дарози амалҳоро бе дахолати инсон иҷро мекунад.
Транслятор
Компютер аслан аз рӯйи барномаҳои бо забони мошинӣ (рамзҳои дуӣ) навишташуда кор мекунад. Чунин барномаҳо якранг ва дилгиркунандаанд, бинобар ин барномасозон имрӯз қариб тамоми барномаҳояшонро бо забонҳои алгоритмӣ тайёр мекунанд. Дар таркиби нармафзор барнома-тарҷумонҳо ҳастанд, ки барномаҳоро аз забонҳои алгоритмӣ ба забони мошинӣ худкор тарҷума мекунанд. Чунин барномаро (translator – тарҷумон) низ меноманд.