Компютерҳои хурд
Синфи компютерҳои хурдро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: миникомпютерҳо ва микрокомпютерҳо.
Миникомпютерҳо
- Асосан дар заминаи меъмории RISC ё UNIX сохта шудаанд.
- Дар бисёр ҳолат вазифаи серверҳоро иҷро мекунанд.
- Ба онҳо дар шабакаҳои компютерӣ даҳҳо ва ҳатто садҳо нуқтаи корӣ ё микрокомпютерҳоро пайваст кардан мумкин аст.
- Солҳои 70-уми асри гузашта пайдо шудаанд. Истеҳсолкунандагони асосии онҳо: AT&T, Intel, Hewlett-Packard ва Digital Equipment.
Пайдоиши онҳо ба он вобаста аст, ки он замон дар ҳалли аксар масъалаҳои илмию техникӣ зарурат ба компютерҳои бо параметрҳои тавоно аз байн рафта буд. Дар идораи равандҳои истеҳсолӣ компютерҳое мувофиқ мешуданд, ки нарх ва иқтидорашон бо имкониятҳои корхонаҳо мувофиқ бошад.
Имрӯз миникомпютерҳоро дар ширкатҳои калон, сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, марказҳои компютерӣ ва умуман ҳангоми ҳалли масъалаҳое истифода мебаранд, ки тавоноии микрокомпютерҳо дар иҷрои онҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад, вале тавоноии абаркомпютерҳо ба таври қаноатбахш ҷалб нашудааст. Муассисаҳо ва корхонаҳо онҳоро инчунин барои мутамарказ кардани нигаҳдорӣ ва коркарди иттилооти ҳаҷман калон истифода мебаранд.
Микрокомпютерҳо
Микрокомпютерҳо дар се намуд истеҳсол мешаванд:
- рӯйимизӣ (статсионарӣ);
- мобилӣ (ҳамроҳ, портативӣ, лэптоп, ноутбук, нетбук, кисагӣ);
- саноатӣ (робот-компютерҳо).
Аксари компютерҳое, ки шумо дар синфхонаи компютерии мактаб, хона, ҷойи кори падару модар ва дасти калонсолону ҳамсабақони худ мебинед, ба компютерҳои фардии рӯйимизӣ ё мобилӣ мансубанд.
Компютери рӯйимизӣ
Микрокомпютерҳои рӯйимизиро дар бештари мавридҳо дар шакли қисмҳои алоҳидаи ба ҳам пайваст месозанд. Қисми асосии он блоки системавӣ аст: он шакли қуттӣ дорад ва дар дохили он ҷузъҳои муҳимми компютер – микропротсессор, хотираи фаврӣ, хотираи беруна ва ғайра ҷой доранд. Ба блоки системавӣ қисмҳои дигар – монитор, сафҳакалид, муш пайваст мешаванд. Аз рӯйи зарурат ба он таҷҳизоти дигари беруна, ба монанди чопгар (принтер), сканер, системаи акустикӣ ва ғайра ҳамроҳ мекунанд.
Компютери мобилӣ
Компютерҳои мобилӣ (портативӣ) – яке аз навъҳои замонавитарин ва дар истифода созгортарини компютерҳои фардӣ мебошанд. Онҳоро ноутбук (notebook) низ мегӯянд, зеро шакли дафтар ё китобро доранд.
Хусусияти фарқкунандаи ноутбук аз дигар компютерҳои фардӣ дар он аст, ки ҳамаи таҷҳизоти асосии компютер дар як тан яклухт ҷойгир шудааст. Вале мисли компютерҳои рӯйимизӣ ба ноутбук низ ҳамеша қисмҳои иловагии беруна пайваст кардан мумкин аст. Вазни онҳо аз 200 г то 6 кг мебошад ва онҳо соатҳои дароз бе қувваи барқ, бо ёрии , кор карда метавонанд. Аз ин рӯ ноутбукро на танҳо дар хона ё корхона, балки ҳангоми истироҳат ва сафар низ истифода мебаранд.