Беббиҷ – асосгузори компютерҳои муосир
Қадами навбатии хеле муҳим дар пешбурди техникаи ҳисоббарор ба асри XIX рост омад. Дар ин аср ихтирооти бемисл анҷом дода шуданд: олимон дар асоси назарияи нав ғояҳои кӯҳнаро ба кор мебурданд. Яке аз чунин намояндагони ин аср намоёнтарин математики англис Чарлз Беббиҷ (1791–1871) буд. Маҳз Беббиҷро асосгузори компютерҳои муосир меҳисобанд. Фарқи таҳқиқоти ӯ аз кори Паскал ва Лейбнитс дар он буд, ки Беббиҷ қисми бештари вақти худро ба лоиҳакашии мошинҳои ҳисоббарор бахшид.
Ғояи офаридани мошини ҳисоббарори аз рӯйи барнома коркунанда низ ба Беббиҷ тааллуқ дорад. Лоиҳаи чунин мошин соли 1830 пурра тартиб дода шуда буд, вале худи мошин то охир сохта нашуд: сатҳи технологии он замон барои сохтани қисмҳои зарурӣ хеле паст буд.
Беббиҷ ихтирои худро мошини таҳлилӣ (аналитикӣ) номид. Мувофиқи лоиҳа он бояд бо қувваи буғ кор мекард: фармонҳоро қабул мекард, ҳисоб мекард ва натиҷаҳоро дар коғаз чоп мекард. Барномаҳо бояд рамзгузорӣ шуда, ба перфокортҳо гузаронида мешуданд.
Ғояи ба воситаи перфокортҳо ба мошин дохил кардани барнома аз ихтироъкори фаронсавӣ Жозеф Жаккар гирифта шудааст. Жаккар перфокортҳоро барои идораи амалиёти гуногун дар дастгоҳҳои бофандагӣ истифода мебурд: бо комбинатсияҳои сершумори сӯрохиҳо ҳангоми бофтани матоъ нақшу нигори гуногун ҳосил мекард. Ӯ фикр ҳам карда наметавонист, ки рӯзе ғояи ӯ барои коркарди иттилоот дар мошинҳои ҳисоббарор истифода мешавад.
Мошини таҳлилии Беббиҷ аз рӯйи лоиҳа ҳамаи қисмҳои асосии компютерро дар бар мегирифт:
- анбор – хотира;
- осиёб – қисми арифметикӣ;
- қисмҳои идоракунӣ, дохилкунӣ ва хориҷкунӣ.
Он бояд ҷамъ ва тарҳро дар як сония, зарб ва тақсимро тақрибан дар як дақиқа иҷро мекард. Ин мошин ҳамакор буд, яъне бо ёрии он ҳар гуна масъалаи ҳисоббариро ҳал кардан мумкин мешуд. Вале он ҳам мисли арифмометрҳои замони худ ҳамчун таҷҳизоти механикӣ фикр карда шуда буд.
Беббиҷ ғояи хеле муҳимро пешниҳод кард: вобаста ба натиҷаҳои мобайнӣ самти ҳисобро тағйир додан мумкин аст. Ин имкон дод, ки мошин масъалаҳои хеле душворро ҳал кунад.
Ин фикри Беббиҷ пеш аз ҳама ба математики соҳибистеъдод Огаста Ада Лавлейс (1815–1852) писанд омад. Ада, духтари шоири бузурги англис лорд Ҷон Байрон, аҳамияти усулҳои таҳлилиро хуб дарк мекард. Маҳз Ада барои мошини Беббиҷ барномаҳои аввалинро офарид ва ӯро бешубҳа барномасози аввалини ҷаҳон гуфтан мумкин аст.
Нейман ва аввалин МЭҲ
Орзуҳои Беббиҷ тақрибан пас аз 100 сол амалӣ шуданд.