Наслҳо чист?
Вақте миқдори компютерҳо бо суръати баланд афзуд, сохти онҳо низ зуд такмил меёфт. Мошинҳои электронии ҳисоббарори гуногун пайдо шуданд. Онҳоро вобаста ба ҷузъи пойгоҳӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира, маҷмуи фармонҳо ва сабки сохт ба наслҳо ҷудо мекунанд.
Ба наслҳо ҷудо кардани МЭҲ амали хеле шартӣ аст. Масалан, компютер аз рӯйи ҷузъҳои пойгоҳӣ метавонад ба як насл ва аз рӯйи хосиятҳои сохторӣ ба насли дигар дахл дошта бошад.
Ба тавсифҳои асосии МЭҲ зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврӣ дохил мешаванд:
- зудкорӣ бо миқдори миёнаи амалҳои мошинии дар як сония иҷрошаванда баҳо дода мешавад;
- ҳаҷми хотираи фаврӣ бо миқдори калимаҳои мошинӣ (аз 8 то 32 разряди дуӣ) чен карда мешавад.
Компютерҳои то солҳои 90-уми асри XX истеҳсолшударо шартан ба чор насл ҷудо мекунанд.
Чор насл
Насли якум (солҳои 40–50)
- ҷузъи пойгоҳӣ – лампаҳои электронӣ;
- зудкорӣ – тақрибан 100 амал/сония;
- хотираи фаврӣ – тақрибан 100 калима;
- реҷаи истифода – монополӣ (захираҳои мошинӣ – хотира, сахтафзор, нармафзор ва идораи он дар ихтиёри як нафар);
- барномасозӣ – забони мошинӣ (рамзи дуӣ).
Насли дуюм (солҳои 50–60)
- ҷузъи пойгоҳӣ – транзисторҳо;
- зудкорӣ – тақрибан 10 000 амал/сония;
- хотираи фаврӣ – тақрибан 10 000 калима; хотираи беруна (дискҳо ва фиттаҳои магнитӣ) – тақрибан 10 млн калима;
- реҷаи истифода – коркарди дастаӣ (пакетӣ);
- барномасозӣ – забонҳои алгоритмӣ.
Насли сеюм (солҳои 60–70)
- ҷузъи пойгоҳӣ – нақшаҳои (схемаҳои) интегралии калон;
- зудкорӣ – тақрибан 10 млн амал/сония;
- хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн калима; хотираи беруна – тақрибан 10 млрд калима;
- реҷаи истифода – вақти тақсимшуда бо коркарди дастаӣ.
Насли чорум (солҳои 70-ум)
- ҷузъи пойгоҳӣ – нақшаҳои интегралии аз ҳад калон;
- хусусияти фарқкунанда – мавҷудияти миқдори зиёди таҷҳизоти коркарди параллелии иттилоот ва истифодаи ҷузъҳои архитектураи нави МЭҲ (дар се насли аввал архитектураи фон Нейман истифода шудааст);
- робитаи зичи сахтафзор ва нармафзор;
- зудкорӣ – тақрибан як млрд амал/сония; хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млрд калима;
- реҷаи кор – шабакаҳои компютерӣ ва компютерҳои алоҳида.