Гузориши масъала
Барои сода кардани баён раванди сохтан ва таҳқиқи амсиларо дар як мисоли мушаххас – ҳаракати ҷисме, ки зери кунҷ ба уфуқ партофта шудааст, мебинем.
Ҳангоми машқи теннис бозингарон аз худкорҳое истифода мебаранд, ки тӯбчаро ба нуқтаи муайяни майдон мепартоянд. Талаб карда мешавад, ки суръат ва кунҷи партоиши худкор чунон интихоб шавад, ки тӯбча парвозкунон ба нишонаи андозааш маълум, ки дар масофаи муайян ҷойгир аст, расад.
Марҳалаи 1. Тавсифи сифатӣ
Амсилаи идеалӣ-и ҳаракатро бо объектҳо, мафҳумҳо ва қонунҳои физикӣ месозем. Се фарзия:
- ҳаҷми тӯбча назар ба Замин бениҳоят хурд аст, пас онро нуқтаи моддӣ ҳисоб мекунем;
- баландии парвоз кам тағйир меёбад, пас шитоби озодафтиро доимӣ ( м/с²) ва ҳаракатро аз рӯйи меҳвари баробаршитоб ҳисоб мекунем;
- суръати партоиш хурд аст, пас муқовимати ҳаворо ба назар намегирем ва аз рӯйи меҳвари ҳаракатро мунтазам (бо суръати доимӣ) ҳисоб мекунем.
Марҳалаи 2. Шаклсозӣ
Формулаҳои маълуми физикаро истифода мебарем. Барои суръати ибтидоии ва кунҷи партоиши дурии парвоз ва баландии дар лаҳзаи