Се навъи амсилаҳои иттилоотӣ
Амсилаҳои иттилоотӣ системаҳоеро нишон медиҳанд, ки дар онҳо таъсири мутақобила ва алоқаи ҷузъҳо сохторҳои гуногун дорад. Барои системаҳои гуногунсохтор навъҳои гуногуни амсила истифода мешаванд:
- ҷадвалӣ – имрӯз дар ин дарс;
- иерархӣ (дарахтӣ) ва шабакавӣ – дар дарси оянда.
Амсилаҳои ҷадвалӣ
Яке аз паҳнтарин ва зуд-зуд истифодашаванда амсилаҳои иттилоотӣ ҷадвалҳои росткунҷашакл аст, ки аз сутунҳо ва сатрҳо иборатанд. Онҳо гурӯҳи объектҳоро, ки маҷмуи хосиятҳои якхела доранд, тасвир мекунанд. Бо ҷадвал ҳам амсилаҳои статикӣ, ҳам динамикии соҳаҳои гуногуни ҳаётро тарҳрезӣ кардан мумкин аст: ҷадвали функсияҳои математикӣ, маълумоти оморӣ, ҷадвали ҳаракати қатораву тайёраҳо, ҷадвали дарсӣ.
Одатан рӯйхати объектҳо дар катакҳои сутуни якум ва қимати хосиятҳои онҳо дар сутунҳои дигар меистад. Баъзан баръакс: рӯйхат дар сатри якум, қиматҳо дар сатрҳои дигар. Масалан, ҷадвали ҳаққонияти функсияҳои мантиқӣ чунин аст: тағйирёбандаҳо ва функсияҳо дар сатри якум, қиматҳои онҳо дар сатрҳои навбатӣ.
Мисоли 1: нархи таҷҳизоти компютер
Амсилаи ҷадвалии «Нархи таҷҳизоти компютер»-ро месозем. Дар сутуни якум рӯйхати объектҳои якҷинса – қисмҳои таркибии компютер, дар сутуни дуюм хосияти заруриамон – нарх. Нархҳо барои намуна, тақрибан аз соли 2001, бо воҳиди шартӣ (в.ш.); таҷҳизоти он замон (CD-ROM, дискдони 3,5") имрӯз кам вомехӯрад, вале усул ҳамон аст.
| Таҷҳизот | Нарх, в.ш. |
|---|---|
| Платаи асосӣ | 80 |
| Протсессор Celeron (1 ГГс) | 70 |
| Хотира DIMM 128 Мб | 15 |
| Винчестер 40 Гб | 130 |