Синф ва таснифбандӣ
Мо бо объектҳои гуногун иҳота шудаем ва ҳар кадом хосиятҳои мушаххас дорад. Вале баъзе гурӯҳҳои объектҳо хосиятҳои умумии якхела доранд, ки онҳоро аз гурӯҳҳои дигар фарқ мекунонад.
Амсилаҳои иерархӣ
Ҳангоми таснифбандӣ аксар вақт амсилаҳои иттилоотӣ бо сохтори иерархӣ ҳосил мешаванд. Мисолҳо:
- дар информатика – системаи иерархии парвандаҳо: парванда, зерҷузвдон, ҷузвдон, ҷузвдони волидайнӣ;
- дар биология – тамоми олами ҳайвонот ҳамчун як система: навъ, синф, отряд, оила, авлод, намуд.
Амсилаҳои иерархӣ статикӣ ва динамикӣ мешаванд; сохтори онҳо хеле монанд аст. Ҳангоми таснифбандии объектҳо амсилаи статикӣ (масалан, таснифи ҳайвонот) истифода мешавад. Раванди таърихии иваз шудани наслҳои оилаҳо (бештар оилаи шоҳон ва ашрофон) бо амсилаи иерархии динамикӣ тасвир мешавад: ин дарахти генеалогӣ (шаҷаравӣ) аст.
Таснифи компютерҳо
Синфи компютерҳои муосирро ба се зерсинф тақсим мекунанд:
- суперкомпютерҳо – маҳсулнокии фавқулбаланд ва эътимоднокӣ; дар марказҳои бузурги илмию техникӣ барои идораи равандҳо дар вақти воқеӣ истифода мешаванд;
- серверҳо – маҳсулнокӣ ва эътимоднокии баланд; дар шабакаҳои маҳаллӣ ва саросарӣ ҳамчун компютер-сервер кор мекунанд;
- компютерҳои фардӣ – маҳсулнокӣ ва эътимоднокии миёна; бо барномаҳои гуногун дар идора, хона, мактаб кор мекунанд. Онҳо боз ба зерсинфҳо тақсим мешаванд: рӯимизӣ, портативӣ, саноатӣ, кисагӣ ва ғайра.
Дар сатҳи якум (болоӣ) танҳо як ҷузъ мешавад: он қуллаи сохтор аст. Дар амсилаи компютерҳо се сатҳ ҳаст: сатҳи 1 – «Компютерҳо»; сатҳи 2 – се зерсинф; сатҳи 3 – чор зерсинфи компютерҳои фардӣ.
Тасвир бо граф
Сохтори амсилаи иттилоотиро бо граф аёнтар нишон додан мумкин аст. Қуллаҳои граф (доира ё байза) ҷузъҳои системаро нишон медиҳанд. Ҷузъи сатҳи болоӣ ба ҷузъҳои сатҳи поёнӣ бо муносибати «иборат аст аз» вобаста аст; ин робита бо камон (хати тирдор, самтдор) тасвир мешавад. Графе, ки робитаҳои байни объектҳояш ғайрисимметрианд, нигаронидашуда (нишонадор, ориентирӣ) аст.
Граф ба дарахте монанд аст, ки аз боло ба поён мерӯяд: реша дар боло, шохаҳо дар поён. Аз ин сабаб графҳои иерархиро дарахт низ меноманд.