Амсилаҳои моддӣ ва иттилоотӣ
Ҳамаи амсилаҳоро шартан ба ду синфи калон ҷудо мекунанд: моддӣ ва иттилоотӣ.
Амсилаҳои моддӣ (ҷисмӣ) хосиятҳои геометрӣ, физикӣ ва дигари объектро дар шакли моддӣ, яъне ҳамчун ҷисм, аз нав месозанд. Мисолҳо: глобус, амсилаи панҷараҳои кристаллӣ, тарҳи бино, иншоот, ҳавопаймо, худгард (мошин), қатора, тарҳи анатомии организми одам.
Амсилаҳои иттилоотӣ объектҳо ва равандҳоро дар шакли тимсолҳо (образҳо) ё аломатҳо (рамзҳо) тасвир мекунанд. Бинобар ин онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: тимсолӣ ва рамзӣ.
Амсилаҳои тимсолӣ
Мисоли амсилаи тимсолӣ – расмҳо ва тасвирҳо. Хусусияти асосии онҳо: тимсолҳои аёнии объектро бо ёрии ягон бардорандаи иттилоот (коғаз, навор ва ғайра) нишон медиҳанд. Онҳо дар маориф ва илм васеъ истифода мешаванд: воситаҳои аёнии таълимӣ, таснифоти гиёҳҳо, ҳашарот, паррандагон дар ботаника, зоология ва биологияи умумӣ.
Амсилаҳои рамзӣ
Амсилаҳои рамзӣ бо системаҳои аломатҳо (забонҳои нишонасозӣ) сохта мешаванд. Онҳо метавонанд матнӣ, формулавӣ ё ҷадвалӣ бошанд:
- матнӣ – масалан, матни барнома дар забони барномасозӣ;
- формулавӣ – масалан, қонуни дуюми Нютон: ;
- ҷадвалӣ – масалан, ҷадвали даврии элементҳои Д. И. Менделеев.
Баъзан якбора якчанд забон истифода мешавад: харитаи географӣ, график, диаграмма. Дар онҳо ҳам ҷузъҳои графикӣ, ҳам аломатҳо ҳастанд.
Инсоният дар таърихи чандинасраи худ барои сохтани амсилаҳои иттилоотӣ тарзҳои гуногун истифода кардааст. Аввалин амсилаҳои иттилоотӣ тасвирҳо ва нақшу нигораҳои қадимии рӯйи санг буданд; имрӯз онҳоро асосан бо технологияҳои компютерӣ месозанд ва меомӯзанд.
Шаклсозӣ
Баъзе амсилаҳоро бо (забони муқаррарии гуфтугӯи одамон) месозанд. Ин (баёнӣ) мебошанд. Масалан, амсилаи гелиосентрикии ҷаҳон, ки Н. Коперник пешниҳод кардааст: