Амсиласозӣ чист?
Инсон дар зиндагии ҳамарӯзааш доимо амсилаҳо (моделҳо)-и объектҳои атрофро месозад ва барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ аз онҳо истифода мебарад. Харита барои ёфтани роҳ, нақшаи рӯз, расми нақшаи хона – ҳамааш амсила аст.
Барои сохтани амсила қоидаҳои қатъӣ нест, ва тартиб додани чунин қоидаҳо осон нест. Бо вуҷуди ин инсоният таҷрибаи калони амсиласозии объектҳо ва равандҳои гуногун андӯхтааст. Амсилаҳои офаридаи одамон дар махзанҳои гуногуни иттилоотӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳар кас метавонад онҳоро омӯзад, истифода барад ва такмил диҳад.
Ин усул аз замонҳои қадим дар таҳқиқоти илмӣ истифода мешавад ва ҳамеша соҳаҳои нав ба нав фаро мегирад. Имрӯз бо он конструксияҳои техникӣ, бинокорӣ, меъморӣ, астрономия, физика, химия, биология, тиб ва ҳатто илмҳои ҷомеашиносӣ кор мекунанд. Кашфиётҳои илмии асри XX шӯҳрати ин усулро хеле баланд бардоштанд ва дар асри XXI ин раванд давом дорад.
Муддати дароз усулҳои амсиласозӣ дастоварди илмҳои алоҳида ҳисоб мешуданд ва истилоҳоти ягона набуд. Танҳо оҳиста-оҳиста амсиласозӣ ҳамчун усули умумии зеҳни илмӣ дар ҳама ҷабҳаҳо қабул шуд.
Кай ба амсиласозӣ даст мезананд?
Амсиласозиро вақте истифода мебаранд, ки омӯхтани худи объект душвор ё ғайриимкон аст:
- объект беандоза бузург (галактика) ё бениҳоят хурд (атом, молекула) аст;
- раванд хеле зуд (таркиш, реаксияи химиявӣ) ё хеле суст (рушди дарахт, ҳаракати китъаҳо) мегузарад.
Дар чунин ҳолат амсилаи раванд вақти таҳқиқро кам мекунад ва хосиятҳоеро, ки бевосита дидан мумкин нест, барои муҳаққиқ возеҳ нишон медиҳад.
Амсилаҳои аёнӣ
Аз амсилаҳои аёнӣ бештар дар таълим истифода мебаранд, ва шумо борҳо дидаед:
- дар география – глобус, амсилаи Замин;
- дар физика – амсилаи хурд ё баробари ҳаҷми муҳаррики худгард (мошин);
- дар химия – амсилаи молекулаҳо ва панҷараҳои кристаллӣ;
- дар биология – амсилаи анатомии организми инсон.
Амсилаҳои лоиҳавӣ
Амсилаҳо махсусан дар лоиҳакашӣ муҳиманд: дар сохтани таҷҳизот, мошинҳо, механизмҳо, биноҳо, занҷирҳои барқӣ. Бе нақшаи пешакӣ на механизми мураккаб, ҳатто ҷузъи одитарини онро ҳам сохтан мумкин нест.
Ҳангоми лоиҳакашии бино ва иншоот ба ғайр аз нақша аксар вақт тарҳ (намуна)-и онро низ месозанд. Дастгоҳи парвозро пеш аз сохтан бо тарҳи хурдаш дар қубури аэродинамикӣ, яъне дар ҷараёни ҳаво, месанҷанд. Занҷири барқиро пеш аз васл ҳатман дар нақша кор карда мебароянд. Умуман пеш аз ҳар кори калон ё хурд нақшаи иҷро – амсилаи онро месозанд.
Амсилаҳои назариявӣ
Амсилаҳои назариявӣ сохт, хосиятҳо ва рафтори объектҳои воқеиро инъикос мекунанд. Ба онҳо назарияҳо, қонунҳо ва фарзияҳо (гипотезаҳо) дохиланд.