Бо хаткашак дарозии порчаи хатти рости дафтарро чен мекунем: метавон гуфт, ки саҳви ченкунӣ аз 1 см зиёд намешавад. Дар ҳароратсанҷи тиббӣ, ки тақсимоташ пас аз ҳар 1∘ қайд мешавад, саҳв аз 1∘ зиёд нест. Агар бо тарозуи тақсимоташ 10 г борро баркашем, медонем, ки вазни бор, масалан, аз 450 г кам ва аз 460 г зиёд нест. Дар ҳамаи ин мисолҳо саҳви ченкунӣ ба 1 см, 1∘ ё 10 г баробар шуда метавонад ё аз онҳо хурд аст.
Дар чунин маврид адади номида мешавад.
навбатӣ
9.3. Яклухт кардани ададҳо. Аломатҳои даҳӣ ва рақамҳои боэътимод
Мисоли 2. Ғафсии қабати шишаи тирезаи l см ва дарозии мизи корӣ d см бо саҳеҳии то 0,1 см чен карда, натиҷаҳои зеринро ҳосил намуданд: l≈0,5;d≈200.
Ғафсии қабати шиша ва дарозии мизи корӣ дақиқ набошад ҳам, маълум аст, ки саҳви мутлақи ин ченкуниҳо аз 0,1 см зиёд нест. Вале агар 0,1 см аз 5 як ҳиссаи ғафсии қабати шишаро ташкил диҳад, пас он ба аз 2000 як ҳиссаи дарозии мизи корӣ баробар аст. Агар дар амалия барои мизи корӣ бо саҳеҳии то 0,1 см ёфтани дарозиаш қаноатбахш ҳисоб ёбад, ин барои шишаи тиреза қобили қабул нест.
Саҳви нисбиро бо ҳарфи юнонии ω («омега») ишора мекунем:
2. Адади x бо қимати тақрибиаш a иваз шудааст. Дар ҳар маврид ду ададро нишон диҳед, ки саҳви мутлақ аз онҳо зиёд набошад (онҳо сарҳади саҳви мутлақ шуда метавонанд): а) x=3,73302;a=3,745; б) x=0,1684;a=0,1.
3. Адади 0,188 бо адади тақрибии 0,2 иваз карда шудааст. Саҳви мутлақ ва саҳви нисбии қимати тақрибиро ёбед.
4. Масофаро аз Душанбе то шаҳри Бохтар ва то маркази ноҳияи Лахш бо саҳеҳии то 0,1 км чен карда, натиҷаҳои зеринро ҳосил намуданд: то маркази шаҳри Бохтар — 99,6 км, то маркази ноҳияи Лахш — 284,4 км. Саҳви нисбиро дар ҳар ду маврид ёбед.
5. Ғафсии мӯйи сари одам ва дарозии роҳ аз шаҳри Душанбе то шаҳри Москваро чен карда, қиматҳои зеринро ҳосил намуданд: 0,15 мм (бо саҳеҳии то 0,01 мм) ва 4088,2 км (бо саҳеҳии то 100 м). Саҳви нисбии ин ченкуниҳоро ҳисоб кунед.
6. Дар тарозуи ҳассос 2,5 кг ордро (бо саҳеҳии то 10 г) ва 15 кг биринҷро (бо саҳеҳии то 5 г) баркашиданд. Кадоме аз баркашҳо дақиқтар аст?
8. Суммаи ду адад 80 аст, яке аз онҳо аз дигараш 4 маротиба калон аст. Ин ададҳоро ёбед.
9. Аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Мурғоб автобус бо суръати 36 км/соат ба роҳ баромад. Баъди ду соат аз ноҳияи Мурғоб ба самти Хоруғ мошини сабукрав равон шуд, ки суръаташ 52 км/соат буд. Агар масофа аз маркази ноҳияи Мурғоб то шаҳри Хоруғ 336 км бошад, мошинҳо дар кадом масофа аз шаҳри Хоруғ бо ҳам вомехӯранд?
10. Ҳисоб кунед:
а) 231:(41−65+87);
б) (131−221:3
11. Функсияи хаттиеро нависед, ки графикаш бо тири абсиссаҳо параллел буда, аз он дар масофаи: а) 4 воҳид дар боло; б) 3 воҳид дар поён ҷойгир бошад.
★ Барои ҳавасмандон
12★. Адади x дода шудааст. Адади a қимати тақрибии он бо саҳеҳии то h аст. Адади a кадом қиматҳоро қабул карда метавонад: а) x=5,82;h=0,8; б) x=−3,43;h=0,6?
Вазифаи хонагӣ
Машқҳои 7–11 аз қисмҳои «Дар хона» ва «Такрор»; ★-ро — барои ҳавасмандон.
Хатогии то 1 см барои ченкунии бари дафтар зиёд аст, вале барои дарозии роҳи байни ду шаҳр хеле хурд. Чӣ тавр инро бо адад ифода кардан мумкин аст?
Таъриф
Агар a қимати тақрибии адади x бошад, h чунин ададе бошад, ки саҳви мутлақи қимати тақрибии a аз h зиёд набошад, яъне ∣x−a∣≤h, онгоҳ мегӯянд, ки адади a қимати тақрибии адади x бо саҳеҳии то h аст. Чунин менависанд: x=a±h.