Диаграмма чӣ вақт фиреб медиҳад
Ду диаграммаи нархи телевизор (дарси 6.4 · 4/6) як маълумот доранд. Дар диаграммаи дуюм шкала аз 7 400 оғоз мешавад, бинобар ин фарқи байни моҳҳо калонтар менамояд, ҳарчанд нарх ҳамаҷо дар доираи 7 800–8 700 аст.
Ҳадафҳои фасл
Дар охири фасл шумо:
- метавонед: навъи мувофиқтарини таҳлил ё пешниҳоди маълумотро барои ҳолатҳои гуногун интихоб кунед ва фаҳмонед, ки чаро таҳлили оморӣ лозим аст; маълумоти омориро аз диаграммаҳо (сутунӣ, доиравӣ, нуқтавӣ), ҷадвалҳо ва таҳлили миқдорӣ хонед; аз онҳо хулоса бароред; донишро дар масъалаҳои ҳаётӣ (пурсиш, ченкунӣ, муқоисаи натиҷаҳо) татбиқ кунед;
- мефаҳмед: усулҳои гуногуни пешниҳоди ҳамон як маълумоти оморӣ имкон медиҳад, ки онро ба таври гуногун шарҳ диҳем; интихоби усул ба мақсади тадқиқот вобаста аст.
Худро арзёбӣ кунед: кадом ҳадафҳоро пурра, кадомро қисман ба даст овардед? Агар ҳадафҳои зиёде ба даст наомада бошанд, ба машқҳои дарсҳои 6.4 · 1/6 – 6.4 · 3/6 баргардед; агар аксарашро ба даст оварда бошед, машқҳои зеринро иҷро кунед.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Дар диаграммаҳо хатоҳоро ёфта, онҳоро номбар кунед (диаграммаҳои а) ва б) дар расми боло).
2. Фаҳмонед, ки диаграммаи додашуда чиро ифода мекунад:
3. Барои тасвири маълумоти додашуда диаграммаро чунон интихоб кунед, ки муносибати ҳар як синф ва миқдори хонандагонро нишон диҳад:
| Синфҳо | Миқдори хонандагон (нафар) |
|---|---|
| 2 | 60 |
| 3 | 70 |
| 4 | 120 |
| 5 |