Ҳарорати ҳаво дар давоми нӯҳ рӯзи моҳи март чунин тағйир ёфт: 17°C, 16°C, 18°C, 19°C, 21°C, 22°C, 22°C, 23°C, 22°C.
- Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ин рӯзҳо ба чанд баробар аст?
- Кадом ҳарорат аз ҳама бештар дар ин рӯзҳо дида мешавад?
- Кадом ҳарорат дар миёнаи ин рӯзҳо дида мешавад?
- Фарқи байни ҳарорати пасттарин ва баландтарин чанд аст?
Ҳал
Ҳароратҳоро бо тартиби афзуншавӣ менависем: 16, 17, 18, 19, 21, 22, 22, 22, 23.
-
Миёнаи арифметикӣ: (17+16+18+19+21+22+22+23+22):9=180:9=20 (°C).
-
Мода: 22°C (се маротиба).
-
Медиана: 21°C (адади панҷум аз нӯҳ).
-
Паҳноӣ: 23−16=7 (°C): ҷаҳиши ҳарорат дар ин муддат аз 7°C зиёд нест.