1. Оё шумо аз натиҷа қаноатманд ҳастед?
Ба кори санҷишӣ ва хатоҳои худ нигоҳ кунед. Дар дафтар ба савол ҷавоб нависед: оё шумо аз натиҷаи худ қаноатманд ҳастед? Чаро?
2. Худро арзёбӣ кунед
Ҳар як ҳадафро дар дафтар нависед ва дар паҳлуяш яке аз аломатҳоро гузоред: + (хуб), ± (на он қадар хуб), – (ҳоло ҳам мушкилӣ дорам).
- Ман медонам (6.2): истилоҳҳои «имконнопазир», «эътимоднок», «камэҳтимол», «баландэҳтимол» ва «баробаримкон» чистанд.
- Ман метавонам (6.2): эҳтимолро ҳамчун нисбат (« аз », ), каср ва фоиз ифода намоям; шаклҳои гуногуни эҳтимолро муқоиса кунам; эҳтимоли ҳодисаро ёбам; эҳтимоли ҳодисаҳои гуногунро муқоиса кунам.