Бозгашт ба вазъият
Дар аввали фасл омӯзгор баҳои 15 хонандаро қайд карда буд ва як хонанда гуфта буд, ки баҳои маъмул 7 аст.
| № | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
|---|---|---|---|---|---|
| Баҳо | 10 | 9 | 4 | 6 | 8 |
| № | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
|---|---|---|---|---|---|
| Баҳо | 9 | 8 | 8 | 6 | 9 |
1 соат
Дар аввали фасл омӯзгор баҳои 15 хонандаро қайд карда буд ва як хонанда гуфта буд, ки баҳои маъмул 7 аст.
| № | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
|---|---|---|---|---|---|
| Баҳо | 10 | 9 | 4 | 6 | 8 |
| № | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
|---|---|---|---|---|---|
| Баҳо | 9 | 8 | 8 | 6 | 9 |
| № | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
|---|
| Баҳо | 5 | 6 | 4 | 10 | 7 |
Фикр кунед: дар кадом ҳолатҳо тавсифи миқдори зиёди маълумот бо як адад муфид аст, ба монанди мисолҳои ин фасл? Оё номи фасл ба мундариҷааш мувофиқат мекунад? Агар не, чаро?
Дар охири фасл шумо:
Худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Кадом ҳадафҳоро пурра ва кадомашро қисман ба даст овардаед ва кадомаш то ҳол ба даст наомадааст?
1. Қатори ададҳои 6, 4, 8, 9, 6, 5, 8, 7 ва 10. Як ададро тавре иваз кунед, ки паҳноии қатор ба 5 баробар шавад.
2. Адади гумшудаи қатори ададҳои 19, 23, 16, …, 17, 21-ро ёбед, агар модаи онҳо 16 бошад.
3. Медианаи қатори ададҳои 11, 23, 25, 27, 29, 31 ба чанд баробар аст?
4. Миёнаи арифметикии қатори ададҳое, ки аз 9 адад иборатанд, ба 13 баробар аст. Адади 3 аз ин қатор хат зада шуд. Миёнаи арифметикии қатори ададҳои нав ба чанд баробар аст?
5. Ҳангоми ба мағоза ба кор даромадан мушовир барои шаш моҳи аввал 600 сомонӣ мегирад. Агар пас аз 6 моҳ камбудӣ надошта бошад, маошаш то 750 сомонӣ зиёд карда мешавад. Пас аз 6 моҳи дигар, дар сурати иҷрои дурусти вазифаҳо, маош 900 сомонӣ мешавад ва ҳамин тавр дар ҳар шаш моҳ 150 сомонӣ зиёд мешавад. Музди миёнаи мушовир пас аз ду сол чанд мешавад?
6. Дар ноҳия се китобхона мавҷуд аст. Дар китобхонаи якум 780 китоб ва дар китобхонаи дуюм 1056 китоб ҳаст. Китобхонаҳо ба ҳисоби миёна 900 китоб доранд. Дар китобхонаи сеюм чанд китоб мавҷуд аст?
Ба саволҳои зерин дар дафтар ҷавоб нависед:
Ба саволи калидӣ ҷавоб диҳед: «Ман чӣ тавр маълумоти зиёдро ба осонӣ тавсиф карда метавонам?» Ғояи калидиро истифода баред. Ҷавобҳои худро бо омӯзгор ё бо ҳамсинфон муҳокима кунед.
Қатори 2, 4, 4, 6, 9, 11. Миёна, медиана, мода ва паҳноиро ёбед.
Миёна: Медиана: дар мобайн 4 ва 6, Мода: 4. Паҳноӣ:
Чаро хонанда гуфт, ки баҳои маъмул 7 аст? Боз чӣ тавр баҳои маъмулро тавсиф кардан мумкин аст? Баҳои маъмулро бо чор тарз тавсиф кунед. Оё шумо тавонистед қоидаҳои худро татбиқ кунед? Агар не, ба дарсҳои пештара баргардед ва онҳоро иваз кунед.
Баҳоҳоро тартиб медиҳем: 4, 4, 5, 6, 6, 6, 7, 8, 8, 8, 9, 9, 9, 10, 10.
Чор бузургиро бо суханони худ шарҳ диҳед. Кадомаш барои шумо душвортар буд?
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):
Ҳар чор тавсиф дуруст аст, вале гуногунанд: «7» — миёна, «8» — мобайн, «6, 8, 9» — бештар вомехӯранд, «6» — паҳн будани баҳоҳо.