Ҳадафҳои фасл
Дар охири фасл шумо:
- медонед: системаи координатаҳо чист;
- метавонед: координатаҳои нуқтаро муайян кунед; аз рӯйи координатаҳо нуқтаро қайд кунед; барои тасвири маълумот бо ду тағйирёбанда диаграммаи нуқтавӣ созед; системаи координатаҳоро дар ҳолатҳои воқеӣ (харита, график) истифода баред; масъалаҳои амалиро бо ёрии координатаҳо ва диаграммаҳо ҳал кунед;
- мефаҳмед: системаи координатаҳо имкон медиҳад, ки мавқеи нуқта дақиқ муайян шавад; диаграммаҳои нуқтавӣ имкон медиҳанд, ки маълумот бо ду тағйирёбанда аёнӣ пешниҳод ва таҳлил карда шавад.
Худро арзёбӣ кунед: кадом ҳадафҳоро пурра, кадомро қисман ба даст овардед ва кадомро ҳанӯз не?
Кор дар синф
Машқҳо
★ Барои ҳавасмандон
1. Соҳиби дӯкони яхмосфурӯшӣ дар давоми 5 рӯз харидани яхмосро аз тарафи харидорон мушоҳида намуда, дар дафтараш навишт: ҳангоми ҳарорат ба 28 дараҷа баробар будан — 12 дона, 30 дараҷа — 20 дона, 32 дараҷа — 30 дона, 34 дараҷа — 32, 36 дараҷа — 40 дона яхмос фурӯхта шуд. Диаграммаи нуқтавии фурӯши яхмосро вобаста ба тағйирёбии ҳаво созед. Дар бораи муносибати байни ҳарорат ва фурӯш шумо чӣ гуфта метавонед?
| Ҳарорат, °C | Яхмос, дона |
|---|---|
| 28 | 12 |
| 30 | 20 |
| 32 | 30 |
| 34 | 32 |
| 36 | 40 |
2. Дар диаграмма муносибати байни синну сол ва шумораи китобҳои дар давоми 1 сол хондашуда оварда шудааст. Онро тавсиф кунед.