10. Дар порчаи AB ду нуқтаи C ва D тавре қайд шудаанд, ки нуқтаи D дар байни нуқтаҳои C ва B ҷойгир аст. Дарозии порчаи AB ёфта шавад, агар CD = 4 см, DB = 6 см ва AC = 20 мм бошанд.
11. Оё нуқтаҳои A, B ва C дар як хатти рост ҷойгиранд, агар:
а) AB = 11 см; AC = 4 см ва CB = 7 см бошад?
б) AB = 11 см; AC = 5 см ва CB = 7 см бошад?
12. Дарозии порчаи AB 24 см аст. Оё дар ин порча нуқтаи C ёфт мешавад, ки барояш AC = 16 см, BC = 7 см бошад?
14. Дар нури AB нуқтаи K интихоб шуда, AK = 7 см аст. Аз нуқтаи K чандто порчаи дарозиашон 5-сантиметрӣ гузаронидан мумкин аст? Чандто порчаи дарозиашон 8-сантиметриеро гузаронидан мумкин аст, ки яке аз охирашон нуқтаи K бошад?
15. Нури координатиро тасвир намуда, дар он нуқтаҳои A (7), B (3), C (1), D (10)-ро қайд кунед.
16. Аз ҷуфти ададҳо ҳамонашро нависед, ки дар нури координатӣ дар самти чаптар ҷойгир аст: а) 6 ва 10; б) 14 ва 21; в) 10 ва 25; г) 28 ва 33.
17. Координатаҳои нуқтаеро ёбед, ки он миёнаҷои порчаи AB бошад: а) A (2) ва B (8); б) A (3) ва B (7); в) A (18) ва B (4).
18. Дарозии роҳ аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Рашт 184 км буда, аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Файзобод 50 км аст. Дарозии роҳ аз маркази ноҳияи Файзобод то маркази ноҳияи Рашт чанд км аст?
19. Кӯли Сарез аз сатҳи баҳр дар баландии 3 239 м ва кӯли Зоркӯл дар баландии 4 126 м ҷойгиранд. Сатҳи Сарез аз сатҳи Зоркӯл чӣ қадар пасттар ҷойгир аст?
20. Кӯли Яшилкӯл аз сатҳи баҳр дар баландии 3 734 м ва кӯли Қарокӯл дар баландии 3 914 м ҷойгиранд. Қарокӯл аз Яшилкӯл чӣ қадар баландтар ҷойгир аст?
21. Баландтарин нуқтаҳои ағбаи Анзоб аз сатҳи баҳр 3 372 м ва ағбаи Шаҳристон 3 351 м мебошад. Кадоме аз ин нуқтаҳо баландтар ҷойгир аст ва ба кадом бузургӣ?
30. Шумораи якҷояи хонандагони синфҳои V ва VI 114 нафар, хонандагони синфҳои VI ва VII 108 нафарро ташкил медиҳанд. Агар шумораи хонандагони ҳар се синф 162 нафар бошад, дар ҳар яке аз ин синфҳо чанд нафарӣ хонанда ҳаст?
38. Дар се хонаи баландошёна 1 348 оила зиндагӣ дорад. Дар яке аз онҳо 379 оила, дар дуюмаш аз он 46 оила зиёд ва дар хонаи сеюм аз хонаи якум 165 оила бештар. Дар ҳар як хона чандтогӣ оила зиндагӣ дорад?
39. Дар боғ дар масофаҳои баробар дар 9 қатор 54 ниҳоли себ ва дар 5 қатор 90 ниҳоли нок шинониданд. Кадоме аз қаторҳо дарозтар аст?
40. Ҳангоми мумфарш кардани роҳи дарозиаш 96 км дар рӯзи аввал 6 км, вале дар ҳар яке аз се рӯзи боқимонда назар ба рӯзи пештарааш 2 км зиёдтар роҳро мумфарш карданд. Қисми мумфаршшудаи роҳ аз қисми боқимондаи он чанд км кӯтоҳтар аст?
41. Аз як дарахт 12 кг ва аз дарахти дигар 2 карат зиёд зардолу ғундоштанд. Сипас, зардолуҳоро ба 4 тӯрхалта баробар ҷой доданд. Ба ҳар як тӯрхалта чанд кг зардолу ҷойгир карда шуд?
42. Автомобил масофаи ба 380 км баробарро тай кард. 3 соати аввал вай бо суръати 60 км/соат ҳаракат карда, қисми боқимондаи роҳро бо суръати 50 км/соат тай намуд. Автомобил чанд соат дар роҳ буд?
43. Массаи фил бо филбача 7 т 200 кг аст. Агар массаи филбача аз массаи фил 5 маротиба хурд бошад, массаи фил чанд аст?
44. Се бригадаи сохтмончиён 111 нафар коргар дорад. Шумораи коргарони бригадаи якум аз бригадаи дуюм 6 нафар зиёд буда, шумораи коргарони бригадаи сеюм аз бригадаи дуюм 3 нафар кам аст. Ҳар як бригада чанд нафар коргар дорад?
45. Дар як лаҳзаи вақт аз ҳамон як мавзеъ ду пиёда ба самтҳои муқобил равона шуданд. Суръати ҳаракати яке аз онҳо 3 км/соат буд. Баъд аз 3 соат масофаи байни онҳо ба 21 км баробар шуд. Суръати ҳаракати пиёдаи дуюм ёфта шавад.
46. Периметри росткунҷа 48 см аст. Дарозии он аз бараш 3 карат калон мебошад. Масоҳати росткунҷа ба чанд баробар аст?
47. Ифода тартиб дода, қимати онро ҳисоб кунед:
а) Суммаи 663 ва 327-ро ба фарқи 316 ва 286 тақсим кунед;
б) Ҳосили зарби 31 ва 64-ро ба суммаи 47 ва 17 тақсим кунед.
48. Оё нобаробарӣ дуруст аст:
а) 278+3778<2400;
б) 176⋅24−11256:56>20121?
49*. Нархи зарф якҷоя бо шарбати дохилаш 80 сомонӣ аст. Агар нархи зарф аз нархи шарбат 9 карат арзон бошад, нархи зарф чанд сомонӣ аст?
50. Қимати ифодаро ёбед:
а) (410+96)⋅(1010−31248:62)−170⋅1500;
б) (174208−208⋅(563+44)):333+2079:77;
в) (18⋅331−(46348+67892):21):14+143⋅26;
г) (201⋅(400100−397964)+5280):24−8154;
ғ) (7470:18−319)+(2060−24⋅45):28.
Вазифаи хонагӣ
Аз машқҳои 1–50 он рақамҳоеро, ки омӯзгор интихоб мекунад, дар давоми ҳафтаи оянда дар дафтар иҷро кунед.
Савол ба омӯзгор агар ҳанӯз фаҳмо набошад, аз омӯзгор пурсед.
Ман дар ин дарс чӣ омӯхтам?
Аз мавзӯъҳои ададҳои натуралӣ ва бузургиҳо кадомаш барои шумо осонтарин ва кадомаш душвортарин буд? Барои мавзӯи душвор як саволи худро нависед ва ба омӯзгор диҳед.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Ададро бо рақам нависед: 101 млрд = ; 1 506 ҳазор = ; 4 567 млн = .
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
1 садӣ аз даҳӣ иборат аст; 1 ҳазорӣ аз садӣ иборат аст; 1 миллиард аз садҳазорӣ иборат аст.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Дарозии росткунҷа 248 дм буда, бараш аз он 64 м дарозтар аст. Периметри росткунҷаро бо детсиметр ёбед.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Бузургиҳоро муқоиса намоед (>, < ё =): а) 994 см 10 м; б) 9 929 м 9 км 900 м; в) 1 000 мм 100 см; г) 495 кг 5 сен.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Дар порчаи AB ду нуқтаи C ва D тавре қайд шудаанд, ки нуқтаи D дар байни нуқтаҳои C ва B ҷойгир аст. CD = 4 см, DB = 6 см ва AC = 20 мм. Дарозии порчаи AB чанд сантиметр аст?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Дарозии порчаи AB 24 см аст. Дар ин порча нуқтаи C ҳаст, ки барояш AC = 16 см ва BC = 7 см бошад.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Аз ҷуфти ададҳо ҳамонашро нависед, ки дар нури координатӣ чаптар ҷойгир аст: а) 6 ва 10 → ; б) 14 ва 21 → ; в) 10 ва 25 → ; г) 28 ва 33 → .
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Дарозии роҳ аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Рашт 184 км, аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Файзобод 50 км аст. Дарозии роҳ аз маркази ноҳияи Файзобод то маркази ноҳияи Рашт чанд км аст?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Кӯли Сарез дар баландии 3 239 м ва Зоркӯл дар баландии 4 126 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Сатҳи Сарез аз сатҳи Зоркӯл чанд метр пасттар аст?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Ҳангоми адади n-ро ба 15 тақсим кардан натиҷа 6 ва бақия 6 шуд. n = . Агар ҳамин ададро ба 6 тақсим кунем, натиҷа ва бақия мешавад.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Массаи як себу як нок 320 г, массаи ҳамин себу ду ҳамин гуна нок 470 г аст. Массаи себ г, массаи нок г.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Дар синфҳои V ва VI якҷоя 114 хонанда, дар синфҳои VI ва VII 108 хонанда, дар ҳар се синф 162 хонанда ҳаст. Дар синфи V , дар синфи VI , дар синфи VII хонанда ҳаст.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
А) Ҳар узви оянда аз пештарааш 3 маротиба калон аст, узви чорум 162: , , , 162. б) Ҳар узви оянда аз пештарааш 3 маротиба хурд аст, узви чорум 8: , , , 8.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Автомобил 380 км роҳ тай кард. 3 соати аввал бо суръати 60 км/соат ва қисми боқимондаи роҳро бо суръати 50 км/соат. Автомобил чанд соат дар роҳ буд?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Се бригада 111 коргар дорад. Дар бригадаи якум аз дуюм 6 нафар зиёд, дар сеюм аз дуюм 3 нафар кам. Бригадаи якум , дуюм , сеюм нафар.
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Периметри росткунҷа 48 см аст. Дарозии он аз бараш 3 маротиба калон аст. Масоҳати росткунҷа чанд см² аст?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан