Шаклҳои баробар
Агар ҳангоми болои ҳам гузоштани ду шакли геометрӣ, онҳо ҳамҷоя шаванд, чунин шаклҳоро баробар меҳисобем. Масалан, порчаҳои AB ва CD баробаранд, аммо AB ва MK баробар нестанд (расми 1). Шаклҳои 1 ва 3, 5 ва 6, 7 ва 8 баробаранд, аммо 2 ва 4 бо ҳам баробар нестанд. Бигузор, дарозии тарафҳои квадратчаҳои дар расми 1 омада 1 сантиметрӣ бошад.
Ҳангоми иҷрои корҳои амалӣ масъалаи чен кардани масоҳати шаклҳо ба миён меояд. Ду хосияти муҳимми масоҳатҳоро меорем:
Воҳидҳои масоҳат
Барои ифода кардани масоҳат аз ченакҳои зерин истифода мебаранд:
Масоҳатро бо катакҳо меёбем
Шакли дар расми 2 (а) тасвирёфта аз 3 квадратчаи тарафи ҳар якаш 1 см иборат аст. Аз ин ҷост, ки масоҳати ин шакл 3 см² аст. Шакли дар расми 2 (б) тасвирёфта аз 8 квадратчаи тарафи ҳар яки он 1 см тартиб ёфтааст. Аз ин рӯ, масоҳаташ ба 8 см² баробар аст.
Катакҳоро худатон шумуред: ба ҳар катак пахш кунед.