Параллелепипеди росткунҷа
Қуттии гӯгирд, хонаи истиқоматӣ, хишт ва ғайра шакли параллелепипеди росткунҷа-ро доранд. Сатҳи параллелепипедро шашто росткунҷа ташкил додаанд (расми 1 (в)). Ҳар яке аз росткунҷаҳо рӯяҳои параллелепипед ва тарафҳои росткунҷаҳо теғаҳои параллелепипеди росткунҷа номида мешаванд. Аз ин ҷо хулоса мебарояд, ки рӯяҳои параллелепипед ҷуфт-ҷуфт баробаранд. Параллелепипеди росткунҷа дарозӣ, бар ва баландӣ дорад, ки онҳоро ченакҳои параллелепипеди росткунҷа меноманд.
Ҳаҷми параллелепипеди росткунҷа
Бигузор дарозии параллелепипеди росткунҷа 7 см, бараш 3 см ва баландиаш 2 см бошад. Онро ба кубчаҳои теғаҳояшон 1 см ҷудо мекунем (расми 1 (в)). Тавре мебинем, ду қабати горизонталӣ ҳосил шудааст. Ҳаҷми ҳар як қабат ба см³ ва дар якҷоягӣ ба см³ баробар аст. Аз ин ҷо, ҳаҷми параллелепипед