Килограмм, грамм, миллиграмм
Ба сифати воҳиди асосии масса килограмм (кг) қабул шудааст. Воҳиди массаи аз килограмм 1 000 маротиба хурд грамм (г) номида шудааст: 1 кг = 1 000 г.
Воҳиди массаи аз грамм 1 000 маротиба хурд миллиграмм (мг) ном дорад: 1 г = 1 000 мг. Ҳамин тавр, 1 кг = 1 000 000 мг.
Тарозу
Барои чен кардани массаи предметҳои гуногун аз тарозу истифода мебаранд. Ҳамеша, агар дар шарти масъала қайд нашавад, мо аз тарозуҳои дуруст истифода мебарем. Агар массаҳои ду паллаи тарозуи дупалладор баробар бошанд, мегӯянд, ки тарозу дар мувозинат аст ё дар мувозинат қарор дорад.
Бо ёрии тарозу массаи ҷисми додашударо бо воҳидҳои масса муқоиса намуда, массаи онро муайян менамоянд. Агар дар як косаи тарозу 1 дона карам, вале дар косаи дигари он се дона санги 1-килоӣ ва як дона санги 500-граммӣ гузошта шуда бошаду тарозу дар мувозинат бошад, он гоҳ массаи карам ба 3 кг 500 г баробар аст (расми 1).
Сентнер ва тонна
Воҳиди аз килограмм 10 маротиба калон дар истифода маъмул нест. Воҳиди аз килограмм 100 маротиба калон сентнер номида шудааст:
1 сентнер (сен.) = 100 кг = 100 000 г.
Воҳиди аз килограмм 1 000 маротиба калон тонна мебошад: 1 тонна = 1 000 кг. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки 1 тонна = 10 сентнер.
Мисол. 2 т 6 сен. 8 кг = 2 000 кг + 600 кг + 8 кг = 2 608 кг.
Дар экран се борро бар кашед: сангҳоро ба паллаи рост гузоред, то тарозу дар мувозинат истад.