Ҳаҷм ва хосиятҳои он
Ҳаҷми ду зарфро баробар меҳисобем, агар яке аз онҳоро аз моеъ пур карда ба зарфи дуюм резему зарфи дуюм низ аз моеъ пур шавад.
Ҳангоми иҷрои корҳои амалӣ масъалаи чен кардани ҳаҷмҳо ба миён меояд. Ду хосияти муҳимми ҳаҷмҳоро меорем, ки онҳо ба хосиятҳои дарозиҳо ва хосиятҳои масоҳатҳо монанд мебошанд:
Воҳидҳои ҳаҷм
Барои ифода кардани ҳаҷмҳо аз ченакҳои зерин истифода мебаранд:
Шакли дар расми 1 (а) тасвирёфта аз 3 кубчаи теғаҳояшон 1 см ташкил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳаҷми онҳо ба 3 см³ баробар аст.
Дар расми 1 (б) кубчаи теғааш 1 дм тасвир ёфтааст. Ҳаҷми он ба 1 дм³ баробар мебошад. Агар онро аз об пур кунем, 1 литр мешавад. Массаи 1 литр об дар ҳарорати 4 °C ба 1 000 г баробар аст.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Ҳаҷми ҷисмҳои дар расми 2 (а, б) тасвирёфтаро ёбед, агар дарозии теғаи ҳар як кубча 1 см бошад.
Дар хона
2. (аз «Машқҳо барои такрор») Масъалае тартиб диҳед, ки ҳалли он ба ҳалли муодилаи зерин биёрад: а) б)