Ҳаҷми куб
Мисол. Ҳаҷми куби теғааш 3 см: см³.
Муносибати байни воҳидҳои ҳаҷм
Ҳаҷми куби теғааш 1 м ба 1 м³ баробар аст. Азбаски 1 м = 10 дм аст, пас
1 соат
Мисол. Ҳаҷми куби теғааш 3 см: см³.
Ҳаҷми куби теғааш 1 м ба 1 м³ баробар аст. Азбаски 1 м = 10 дм аст, пас
мебошад. Агар онро ба эътибор гирем, ки аст, пас меёбем:
Ҳамин тавр,
Адади ҳосилшуда 1 квадриллион ном дорад.
Дар нардбони поён ҳар як зина — 1 000 маротиба.
1. Ҳаҷми кубро ёбед, агар теғааш дода шуда бошад: а) 2 см; б) 6 см; в) 3 см 2 мм; г) 2 дм 3 см.
2. Дарозии хонаи истиқоматӣ 3 м, бараш 4 м ва баландиаш 5 м мебошад. Ҳаҷми хона чанд м³-ро ташкил медиҳад?
3. Ифода кунед:
4. Бо детсиметрҳои кубӣ ифода намоед: а) 5 км³; б) 14 м³; в) 5 м³ 50 дм³; г) 1 км³ 3 дм³-ро.
5. Амалҳоро иҷро намоед:
6. Муодиларо ҳал кунед:
7. Анбор шакли параллелепипеди росткунҷаро дорад. Вай аз коҳи хушк пур карда шудааст. Дарозии анбор 15 м, бараш 6 м ва баландиаш 5 м аст. Агар массаи 10 м³ коҳи хушк 550 кг бошад, дар анбор чӣ қадар коҳ ҷой карда шудааст?
8. Зарферо аз асал пур карданд, массааш ба 7 кг баробар шуд. Ба ҳамон зарф то нисфаш асал рехтанд, массааш ба 4 кг баробар шуд. Дар зарфи пур чанд кг асал ҷой мешавад? Массаи зарфи холӣ чанд аст?
9*. Куби теғааш 1 дм аз чӯб сохта шудааст. Онро ба ранг ғӯтонида, сипас дар офтоб хушк карданд. Баъд, онро бо арра ба 1 000 адад кубчаҳои теғаҳояшон 1 см бурида ҷудо карданд (расми 1). Ёбед, ки чандто кубчаи: а) як рӯяш рангин; б) ду рӯяш рангин; в) се рӯяш рангин ҳосил шуд?
10. Шакли дар расми 2 тасвирёфтаро ба чунин се ҳисса ҷудо кунед, ки аз онҳо куб сохтан мумкин бошад.
11. Масъалаҳоро ҳал кунед:
12. Суръати катер дар оби ором 13 км/соат буда, суръати ҷараёни об 3 км/соат аст. Масофаи байни ду бандар ба 80 км баробар мебошад. Катер ҳамин масофаро дар чанд муддат тай мекунад, агар:
13. Суръати заврақ дар оби ором 6 км/соат аст. Вай 3 соат ба равиши ҷараён ва 5 соат ба муқобили равиши ҷараён ҳаракат кард. Агар суръати ҷараёни об 2 км/соат бошад, заврақ кадом масофаро тай кардааст?
Даҳонӣ ҳисоб кунед:
Параллелепипеди росткунҷае, ки дарозӣ, бар ва баландии баробар дорад, куб номида мешавад. Ҳаҷми куб ба куби теғааш баробар аст:
Воҳидҳои ҳаҷм аз рӯйи тартиби навишташон аз ҳам бо зарбшавандаи 1 000 фарқ мекунанд:
Се воҳиди охир дар амалия кам истифода мешаванд.
Мулоҳиза мекунем
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):