Ин формуларо ҳамчун a=k⋅b+r низ менависанд: он ҷо k — натиҷаи тақсим. Ин ҳамон формула аст. Бақия ҳамеша аз тақсимкунанда хурд аст; агар бақия 0 бошад, адад бебақия тақсим мешавад.
Аз рӯйи қиматҳои додашудаи се бузургӣ қимати бузургии чорумро ёфтан мумкин аст.
а) Бигузор q=5, ва бошад. Он гоҳ, дар асоси формулаи овардашуда менависем:
1. Дар ҳавз 85 л об буд. Баъди кушодани қубури ягона ба ҳавз дар ҳар дақиқа 18 л об ворид шудан гирифт. Формулаеро нависед, ки он миқдори оби дар лаҳзаи дилхоҳ дар ҳавз ҷамъшударо ифода созад. Миқдори обро пас аз 2 дақ., 5 дақ., 1 соат ёбед.
2. Бигузор a — тақсимшаванда, b — тақсимкунанда, q — натиҷаи тақсим, r — бақияи тақсим бошанд. Ҷадвали зеринро пур кунед:
a
b
q
r
48 497
505
17
640
24
8
362 463
361
19
81 284
974
83
3. Дарозии тарафи квадрат x см аст. Формулаеро нависед, ки ба воситаи он периметри квадрат P ҳисоб карда мешавад. Бо ёрии ин формула дарозии тарафи квадратеро ёбед, ки периметраш 360 см бошад.
Дар хона
4. Қимати ифодаро ёбед:
а) 136⋅(668−588)−404⋅25;
б) 1540:11+1890:9+982;
в) 1953+(17432−56⋅223):16;
г) 6010−(130⋅52−68890:83).
5. Аз формулаи a=b⋅q+r истифода бурда, ёбед:
а) натиҷаи тақсими бобақияро, агар тақсимшаванда 1 736, тақсимкунанда 243 ва бақия 35 бошад;
б) тақсимкунандаро, агар тақсимшаванда 27 910, натиҷаи тақсим 125 ва бақияи тақсим 35 бошад.
6. Аз формулаи y=7x+3 қимати x-ро муайян намоед, агар y=45 бошад.
Барои боҳавасон
7. Ҳамаи ададҳои ҷуфтро бо ёрии формулаи 2n ҳосил намудан мумкин аст. Барои ин дар ифодаи 2n ба ҷойи n бо навбат ададҳои n=1,2,3 ва ғайраро гузоштан лозим аст. Бо ҳамин формула даҳто адади ҷуфти аввалинро ҳосил намоед.
8. Ҳамаи ададҳои тоқро бо ёрии формулаи 2n−1 ҳосил намудан мумкин аст. Барои ин дар ифодаи 2n−1 ба ҷойи n бо навбат ададҳои n=1,2,3 ва ғайраро гузоштан лозим аст. Бо воситаи ҳамин формула даҳто адади тоқи аввалинро ҳосил намоед.
9. Каратиҳои адади 3-ро ба воситаи кадом формула навиштан мумкин аст? Аз ҳамин формула истифода бурда, панҷто каратии 3-ро ёбед.
Агар суръат ва роҳ маълум бошанд, вақтро чӣ тавр меёбем?
Чаро бақия аз тақсимкунанда калон буда наметавонад?
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):
Ман медонам, ки формула чист.
Ман медонам формулаи роҳ S=v⋅t ва формулаҳои v=S: -ро.
худро санҷ1 хол
Дар ҳавз 85 л об буд. Дар ҳар дақиқа ба он 18 л об ворид мешавад. Пас аз 5 дақиқа дар ҳавз чанд литр об мешавад?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Бо ёрии формулаи a = b · q + r (a — тақсимшаванда, b — тақсимкунанда, q — натиҷаи тақсим, r — бақия) қиматҳои номаълумро ёбед. 1) a = 48 497, q = 505, r = 17, b = . 2) b = 640, q = 24, r = 8, a = . 3) a = 362 463, b = 361, r = 19, q = . 4) a = 81 284, b = 974, q = 83, r = .
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан