Сохтори мизи корӣ
Мизи корӣ (desktop) – муҳити графикӣ, ки дар он объектҳои корӣ ва ҷузъҳои идоракунии СА нишон дода мешаванд. Онро равзанаи асосии СА меноманд.
Мизи корӣ аз ду қисми асосӣ иборат аст:
- майдони корӣ – дар он нишонаҳо ва тамғаҳои объектҳои системавӣ, ҷузвдон ва парвандаҳои шахсии корбар ҷой доранд. Бо онҳо мундариҷаи объектро фавран кушодан мумкин аст;
- лавҳаи масъалаҳо – сатри тасмашакл дар поёни экран: тугмаи «Оғоз», нишонаҳои системавӣ ва шахсӣ, дар мобайн – барномаҳо ва санадҳои кушода.
Мизи кории Linux низ ҳамин гуна аст: ҷузъҳои идорӣ ва тарзи кор бо онҳо қариб як хел аст.
Равзанаи фаъол
Корбар метавонад якбора якчанд барнома ва парвандаро истифода барад. Вале дар як лаҳза танҳо як равзана фаъол аст; дигарҳо ғайрифаъоланд. Равзанаи ғайрифаъолро бо пахши нишонааш дар лавҳаи масъалаҳо фаъол мекунанд ва кор давом мекунад. Равзанаи фаъол аз ғайрифаъол бо ранги сарлавҳа фарқ мекунад.
Равзана – лавҳаи росткунҷа, ки сарлавҳа (одатан номи барнома) ва майдони корӣ дорад.
Панҷ навъи равзанаҳо
Ба ғайр аз равзанаҳои системавӣ, панҷ навъи асосӣ ҳаст:
- Равзанаи ҷузвдон – барои нигоҳ доштани парвандаҳо ва зерҷузвдонҳо.
- Равзанаи барнома – барои кушодани парвандаҳое, ки бо ҳамин барнома сохта шудаанд.
- Равзанаи ёрирасон – вазифаҳои барномаро пурра мекунад; бо пахши тугмаҳои кунҷии зери гурӯҳҳои тасмаи абзор кушода мешавад.
- Равзанаи муколамавӣ – аксар вақт бо тугмаи рост кушода мешавад: аз якчанд фармон ё шарт якторо интихоб мекунед; баъд равзана аз экран нопадид мешавад.
- Равзанаи огоҳкунанда – дар бораи гузариш ба иҷрои дастури навбатӣ хабар медиҳад; дастур пас аз пахши «OK» иҷро мешавад.