Кунҷ чист?
Гӯшаи миз, гӯшаи дафтар, ду роҳи рост, ки аз як истгоҳ мебароянд, — ҳамаи онҳо кунҷро ба хотир меоранд (расми 1). Агар онҳоро бо хат тасвир кунем, ду нурро мебинем, ки аз як нуқта баромадаанд.
Ибтидои умумии нурҳо — қуллаи кунҷ, худи нурҳо — тарафҳои кунҷ. Дар расми 2 нуқтаи қулла, нурҳои ва тарафҳо мебошанд.
Ишораи кунҷ
Кунҷро бо се ҳарфи калон ишора мекунанд: ҳарфи мобайнӣ қулларо нишон медиҳад, ду ҳарфи дигар — тарафҳоро. Масалан, («кунҷи ») ё Ҳарфи мобайнӣ ҳамеша қулла аст.