Сатҳро интихоб кунед
Ҳоло вақти он аст, ки дониш ва маҳорати нави худро татбиқ кунед ва инкишоф диҳед. Ба ҳадафҳои фасл нигаред (3.4 · 5/6):
Кор дар синф
Машқҳо
★ Барои ҳавасмандон
1. Пасандози Маҳваш дар тули 3 рӯз сомонӣ тағйир ёфт. Агар он ҳар рӯз бо ҳамин суръат тағйир ёфта бошад, пас тағйирёбии як рӯз ба чанд сомонӣ баробар аст?
2. Киштии зериобӣ дар чуқурии 250 м қарор дорад. Агар киштӣ ҳар як дақиқа 15 м ба боло барояд, оё он метавонад дар муддати ним соат ба сатҳи об расад?
3. Рустанӣ дар як ҳафта 2 см қад мекашад. Дар баробари ин, решааш дар ҳамин муддат 1,5 см дароз мешавад. Агар дарозии рустанӣ бо решааш 7 см бошад, пас аз се ҳафта ин дарозӣ ба чанд см мерасад?
Мулоҳиза мекунем
Дар дафтар ба саволҳои зерин ҷавоб нависед:
- Ман дар ин фасл чӣ чизи нав омӯхтам?
- Кадом саволҳои ман бе ҷавоб монданд?
Саволҳо барои такрор:
- Агар адади манфиро ба адади мусбат зарб занем, чӣ ҳосил мешавад?
- Аз ҳаёти воқеӣ оид ба зарби ададҳои манфӣ мисолҳо оред.
- Агар тақсимшаванда адади мусбат ва ҳосили тақсим адади манфӣ бошад, тақсимкунанда чӣ гуна адад мешавад?
Ёрӣ барои ҷавобҳо
- Адади манфӣ: норасоиро такрор мекунем. Мисол: ҳар соат ҳарорат 20 дараҷа паст мешавад. 4) Мисолҳои худатонро биёред: қарз ва пардохт, ҳарорат, чуқурӣ, хароҷот, пасандоз. 5) Тақсимкунанда адади манфӣ аст: