Ҳадафҳои фасл
Дар охири фасл шумо:
- Медонед: қоидаи ҷамъ ва тарҳи ададҳои мусбатро бо ададҳои манфӣ, инчунин ададҳои манфиро бо ададҳои манфӣ.
- Метавонед: адади мусбатро бо адади манфӣ, инчунин адади манфиро бо адади манфӣ бо истифода аз қоида ва тири ададӣ ҷамъ кунед; тарҳи адади мусбатро бо адади манфӣ, инчунин тарҳи адади манфиро бо адади манфӣ бо истифода аз қоида ва тири ададӣ иҷро кунед.
- Мефаҳмед, ки: амалҳо бо ададҳои манфӣ — амалҳо бо норасоиҳо мебошанд ва вақте ки норасоӣ ба адад илова карда шавад, он хурд мешавад ва ҳангоми аз адад кам кардани норасоӣ он калон мешавад.
Худро арзёбӣ кунед: кадом ҳадафҳоро шумо аллакай пурра, кадомашро қисман ва кадомашро ҳоло не ба даст овардаед?
Машқҳоро интихоб кунед
Агар шумо то ҳол ҳадафҳои зиёде дошта бошед, ки ба онҳо ноил нашудаед, аз машқҳои сатҳи якум оғоз кунед: 3.3 · 1/6 — машқи 1; 3.3 · 2/6 — машқҳои 1–3.
Агар шумо ба аксари ҳадафҳои худ расида бошед, «Барои ҳама» машқҳоро иҷро кунед: 3.3 · 3/6 — машқҳои 1, 2; 3.3 · 4/6 — машқҳои 1, 2; 3.3 · 5/6 — машқҳои 1–5; ва машқи 1 аз поён.
Агар шумо ҳамаи ин машқҳоро иҷро карда бошед ва мехоҳед бештар ба даст оред, ★ машқҳои поёнро ҳал кунед.
Машқҳо
Дар синф
1. Дар суратҳисоби Муниса 50 сомонӣ буд. Барои харид 75 сомонӣ сарф кард. Баъдан модараш 25 сомонӣ ба ӯ фиристод. Муниса барои муайян кардани маблағе, ки акнун дар корти ӯст, чунин рафтор кард: 1) 2) Оё ҳисоби ӯ дуруст аст?