10.2 · 3/3. Бо ёрии муодила ҳал кардани масъала - Математика — синфи 5
10. Ифодаҳо ва муодилаҳо
10.2 · 3/3. Бо ёрии муодила ҳал кардани масъала
1 соат
Назария
Дарси 5 аз 13
Хониш: 13 дақиқа
Саволҳо: 4
Бо ёрии муодила ҳал кардани масъала
Масъалаи 2. Бо воситаи қубури якум ба ҳавз об ворид мешаваду бо воситаи қубури дуюм аз он об хориҷ мешавад. Дар аввал ҳавз як миқдор об дошт. Бо воситаи қубури якум ба он 1 240 л об дохил шуду бо қубури дуюм 840 литр об хориҷ шуд. Баъд аз ин дар ҳавз 496 л об боқӣ монд. Аввал дар ҳавз чӣ қадар об буд?
Ҳал. Бигузор, дар аввал дар ҳавз a л об буд. Баъди он ки ба ҳавз 1 240 л об дохил шуд, миқдори оби он ба a+1240 л баробар шуд. Вақте ки аз ҳавз 840 л об хориҷ шуд, дар он (a+1240)−840 л об боқӣ монд. Мувофиқи шарт, қимати ин ифода бояд ба 496 баробар шавад. Бинобар ҳамин муодилаи зеринро ҳосил мекунем:
а) Дар халта якчанд дона себ буд. Баъди он ки аз он 17 дона себ гирифтанд, шумораи себҳо 46-то шуд. Аввал халта чанд дона себ дошт?
б) Халта 57 кг биринҷ дошт. Аз он як миқдор биринҷ гирифтанд. Баъди ин ба ҳамон халта боз 16 кг биринҷ илова карданд. Дар натиҷа массаи биринҷи халта боз 57 кг шуд. Аз халта чӣ қадар биринҷ гирифтанд?
б) Намоишгоҳро 368 нафар одам тамошо мекард. Вақте ки аз он ҷо y нафар баромада рафту ба намоишгоҳ 72 каси дигар ворид гашт, шумораи тамошобинони намоишгоҳ ба 160 нафар расид. Аз тамошои намоишгоҳ бори аввал чанд нафар баромада рафт?
3. Дарозии майдони росткунҷашакл аз бараш 48 м дарозтар буда, периметраш 240 м аст. Дарозии майдонро ёбед.
Дар хона
4. Дар халтача 2 кг 250 г шакар буд. Баъди аз он гирифтани як миқдор шакар массаи шакари боқимонда 750 г шуд. Аз халтача чӣ қадар шакар гирифтанд?
5. Дар ҳавз ба миқдори x л об буд. Бо воситаи қубури якум ба ҳавз 85 л об ворид шуда, бо воситаи ҳар кадоме аз ду қубури дигар 38 л об хориҷ шуд. Дар ҳамин муддат дар ҳавз 16 л об боқӣ монд. Дар аввал ҳавз чӣ қадар об дошт?
7. Дар як паллаи тарозу як тарбуз ва санги массааш 3 кг, дар паллаи дигари он санги массааш 5 кг ва ними ҳамин гуна тарбуз гузошта шудааст. Тарозу дар мувозинат қарор дорад. Массаи тарбузро ёбед.
Барои боҳавасон
8*. Исбот кунед, ки ба воситаи сангчаҳои тарозуи массаҳояшон 1 г, 2 г, 4 г, 8 г ва 16 г дар тарозуи дупалладор бори дилхоҳи массааш аз 1 то 31 г-ро бар кашидан мумкин аст. Иҷозат дода мешавад, ки сангҳо танҳо дар як палла гузошта шаванд. Дар паллаи бордор санг гузоштан манъ аст.
9*. Исбот кунед, ки ба воситаи сангчаҳои тарозуи массаҳояшон 1 г, 3 г, 9 г ва 27 г дар тарозуи дупалладор бори дилхоҳи массааш аз 1 г то 40 г-ро баркашидан мумкин аст.
10. Ду порчаеро тасвир намоед, ки яке аз дигараш 2 маротиба дарозтар буда, дар якҷоягӣ порчаи дарозиаш 15 см-ро ташкил диҳанд.
11. Алӣ ва Бӯрӣ 21-то, Бӯрӣ ва Валӣ 22-то, Алӣ ва Валӣ 23-то чормағз доранд. Ҳар кадоме аз ҷӯраҳо чандтогӣ чормағз дорад?
12. Дар ду катаки расми 1 рақамҳои 1 ва 2 навишта шудааст. Дар ҳар яке аз катакҳои боқимонда рақамҳои 1, 2 ва 3-ро тарзе нависед, ки дар натиҷа дар ҳар се сутун ва дар ҳар се сатр яктогӣ рақамҳои 1, 2 ва 3 омада бошад.
Дар халта якчанд дона себ буд. Баъди он ки аз он 17 дона себ гирифтанд, шумораи себҳо 46-то шуд. Аввал дар халта чанд дона себ буд?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Халта 57 кг биринҷ дошт. Аз он як миқдор биринҷ гирифтанд. Баъди ин ба ҳамон халта боз 16 кг биринҷ илова карданд. Дар натиҷа массаи биринҷи халта боз 57 кг шуд. Аз халта чанд кг биринҷ гирифтанд?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Дарозии майдони росткунҷашакл аз бараш 48 м дарозтар буда, периметраш 240 м аст. Дарозии майдон чанд метр аст?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
худро санҷ1 хол
Намоишгоҳро 368 нафар одам тамошо мекард. Вақте ки аз он ҷо y нафар баромада рафту ба намоишгоҳ 72 каси дигар ворид гашт, шумораи тамошобинон ба 160 нафар расид. Чанд нафар баромада рафт?
Барои ҷавоб додан ва нигоҳ доштани пешрафт ворид шавед.Ворид шудан
1
240
−
840=
496.
x:3
2⋅x=6
x=6:2=3
x
=
25,
2⋅12=24,
2⋅13=26.
b,
a−x=b
Ман метавонам масъаларо бо ёрии муодила ҳал кунам.