4.1. □ Ман медонам, ки хосияти ҷойивазкунии зарб чист (савол 1).
- □ Ман метавонам, ки хосияти ҷойивазкунии зарбро татбиқ кунам, аз ҷумла дар ҳаёти воқеӣ (савол 2);
- □ Ман метавонам, ки хосияти ҷойивазкунии зарбро барои зудтар иҷро кардани амали зарб истифода барам (савол 3).
□ Ман мефаҳмам, ки аз иваз кардани ҷойи зарбшавандаҳо ҳосили зарб дигар намешавад (савол 1).
4.2. □ Ман медонам, ки хосияти гурӯҳбандии зарб чист (савол 4).
- □ Ман метавонам, ки хосияти гурӯҳбандии зарбро татбиқ кунам, аз он ҷумла дар ҳаёти воқеӣ (савол 6);
- □ Ман метавонам, ки хосияти гурӯҳбандии зарбро барои тезтар иҷро кардани амали зарб истифода барам (савол 5).
□ Ман мефаҳмам, ки ҳосили зарб аз иваз кардани тартиби ҷойгиршавии зарбшавандаҳо дигар намешавад (савол 4).
4.3. □ Ман медонам, ки хосияти ҷудошавии зарб аз рӯйи ҷамъ чист (савол 7).
- □ Ман метавонам, ки хосияти ҷудошавии зарб аз рӯйи ҷамъро истифода барам, аз ҷумла дар ҳаёти воқеӣ (савол 9);
- □ Ман метавонам, ки хосияти ҷудошавии зарб аз рӯйи ҷамъро барои тезтар иҷро кардани амали зарб истифода барам (савол 8).
□ Ман мефаҳмам, ки ҳангоми зарб задани адад ба сумма мо метавонем ададро ба ҳар як ҷамъшаванда зарб зада, сипас натиҷаро ҷамъ кунем ё ҳосили ҷамъро ёфта, баъд онро ба адад зарб занем (савол 10).
4.4. Ман медонам, ки:
- □ тақсимшаванда чист; □ тақсимкунанда чист; □ чиро ҳосили тақсим мегӯянд (савол 11).
Ман метавонам, ки:
- □ ададҳои бисёррақамаро тақсим кунам, аз ҷумла бо иваз кардани воҳидҳои разрядӣ (саволҳои 12, 13);
- □ раванди тақсими сутуниро бо истифода аз разрядҳо шарҳ диҳам (савол 14);
- □ раванди тақсимро тариқи ҷудокунӣ ба ҷамъшавандаҳои разрядӣ шарҳ диҳам (савол 15).
□ Ман мефаҳмам, ки мо ададҳои бисёррақамаро аз разряди калон сар карда, аз рӯйи разрядҳо тақсим мекунем ва вақте ки дар тақсимшаванда барои тақсими баробар воҳидҳои разрядӣ кофӣ нестанд, онҳоро ба воҳидҳои разрядии разряди оянда (хурдтар) иваз мекунем .