Кӯшиш мекунем
- Супориши 1. Кори гурӯҳӣ. Маълумоти муҳимро нависед: модар чанд қатор, дар ҳар қатор чанд табақча ва дар ҳар табақча чанд кулчақанд мегузорад? Салим чӣ?
- Супориши 2. Кори фардӣ. Дастархони модарро кашед: табақча — доира, кулчақанд — нуқта.
- Супориши 3. Кори гурӯҳӣ. Дар дастархон чанд табақча ҳаст — бо тарзи модар ва бо тарзи Салим?
- Супориши 4. Кори фардӣ. Барои тарзи модар чанд кулчақанд лозим аст?
- Супориши 5. Кори гурӯҳӣ. Барои тарзи Салим чӣ? Чаро ҷавобҳо ин тавр шуданд?
Ҷавобҳоро дар дафтар нависед. Баъд саволи калидиро пурра кунед: «Дар ин фасл мо мефаҳмем, ки чӣ тавр …».
Мушоҳида мекунем
Супориши 6. Кори дунафара. Масъаларо бори дигар хонед ва муҳимтарин маълумоти онро нависед. Акнун кӯшиш кунед, ки табақчаҳои кулчақанддор тавре ҷойгир шаванд, ки модар ва Салим пешниҳод кардаанд.
Қадами 1. Аз ҷиҳати математикӣ, осонтарин роҳи ёфтани шумораи кулчақандҳо дар ҳар як қатор кадом аст? Роҳи осонтарин ин зарб задани шумораи табақчаҳо ба шумораи кулчақандҳо дар ҳар як табақча аст.
Қадами 2. Агар мо шумораи кулчақандҳоро дар ҳар як қатор донем, роҳи осонтарини ёфтани шумораи умумии кулчақандҳо дар миз кадом аст? Роҳи осонтарин ин зарб задани шумораи кулчақандҳо дар ҳар як қатор ба шумораи қаторҳо мебошад.
| Қадами 1: дар як қатор | Қадами 2: дар миз | |
|---|---|---|
| Модар | кулчақанд |