Хулоса мебарорем
Акнун тақсимро бо ёрии зарб шарҳ медиҳем.
Масъалаи 1. Барои хонандагони синфи 5 ҳамагӣ 48 қуттӣ қалами ранга хариданд. Ҳар як қуттӣ 12 дона қалам дорад. Ҳамагӣ чанд дона қалами ранга харид карданд?
Ҳал. Ин масъаларо дар натиҷаи зарб задани ададҳои 48 ва 12 ҳал намудан мумкин аст:
Ҷавоб: 576.
Масъалаи 2. Барои хонандагони синфи 5 ҳамагӣ 48 қуттӣ қалами ранга хариданд, ки дар якҷоягӣ 576 торо ташкил доданд. Ҳар як қуттӣ чанд дона қалам дошт?
Ҳал. Мо бояд чунин адади номаълуми -ро ёбем, ки Ин адад 12 аст. Ҳамин тавр, мо адади 12-ро ёфтем. Агар онро бо 48 зарб занем, 576 ҳосил мешавад. Дар ин маврид адади 12 натиҷаи тақсими адади 576 ба 48 номида шуда, ин тавр навишта мешавад: