Татбиқ мекунем
Барои ҳама — саволҳои қисми «Кор дар синф»-и ҳамин саҳифа (тақсим дар зеҳн, масъалаҳо, пайдарпайиҳо) ва инҳо:
- кори дунафара: яке аз мисолҳои тақсими дарси «4.4 · 4/5»-ро интихоб кунед ва амалҳои худро ба ҳамсинфатон фаҳмонед;
- тақсими таг ба таг ва тақсим тавассути ҷудокунӣ ба ҷамъшавандаҳои разрядиро муқоиса кунед. Кадом тарз ба шумо бештар писанд аст? Барои чӣ?
Барои онҳое, ки мехоҳанд масъалаи мураккабтар ҳал намоянд — қонуниятро ёбед ва ададҳои партофташударо нависед: а) 3 904, 1 952, 976, __, __, __, 61; б) 2 401, 343, __, __, 1.
Кор дар синф
Машқҳо
Машқҳо барои такрор
1. Моҳи аввал завод 245 адад ва моҳи дуюм аз он 85 адад бештар велосипед истеҳсол кард. Дар давоми ду моҳ завод чандто велосипед истеҳсол кард?
2. Муодиларо ҳал кунед:
- а)
- б)