Хулоса мебарорем
Супориши 8. Кори дунафара. Аз ин баробарӣ истифода баред:
Шумораи қаторҳо · Шумораи рустаниҳо дар ҳар як қатор = Шумораи умумии рустаниҳо.
| Бибӣ | Бобо | |
|---|---|---|
| Шумораи қаторҳо | 4 | 6 |
| Дар ҳар қатор | 6 | 4 |
| Ҳамагӣ |
1 соат
Супориши 8. Кори дунафара. Аз ин баробарӣ истифода баред:
Шумораи қаторҳо · Шумораи рустаниҳо дар ҳар як қатор = Шумораи умумии рустаниҳо.
| Бибӣ | Бобо | |
|---|---|---|
| Шумораи қаторҳо | 4 | 6 |
| Дар ҳар қатор | 6 | 4 |
| Ҳамагӣ |
Дар ҷумлаҳои математикӣ чиро мушоҳида мекунед? Ҳамон ду зарбшаванда, танҳо ҷояшон иваз шудааст, ва ҳосили зарб якхела аст.
Супориши 9. Кори фардӣ. Ба саволи калидӣ ҷавоб диҳед ва ғояи калидиро нависед:
Ҳамин хосиятро бо катакҳо низ нишон додан мумкин аст. Шумораи катакҳои дар расми 1 тасвирёфтаро бо ду тарз ҳисоб намудан мумкин аст.
Тарзи 1. Аввал шумораи катакҳои як қатори горизонталии онро ҳисоб мекунем ва адади ҳосилшударо ба шумораи қаторҳои вертикалӣ зарб мезанем:
Тарзи 2. Аввал шумораи катакҳои як сутуни вертикалиро ҳисоб мекунем ва адади ҳосилшударо бо шумораи сутунҳо зарб мезанем:
Азбаски дар ду маврид ҳам як натиҷа ҳосил мешавад, пас навишта метавонем:
Мисоли 1. а) Адади 300-ро ҳамчун суммаи се ҷамъшавандаи ҳар кадомаш 100 навишта метавонем:
Дар асоси қоидаи зарби ададҳои натуралӣ ва хосияти ҷойивазкунии зарб ҳосил мекунем:
Аз ин сабаб навишта метавонем:
б) Адади 5 000-ро ҳамчун суммаи панҷ ҷамъшавандаи ҳар кадомаш 1 000 навишта метавонем:
Бинобар ҳамин,
Аз ин мисол аён аст, ки барои зарб задани 3 ба 100 кофист, ки пас аз адади 3 пайиҳам дуто рақами 0-ро нависем. Агар лозим ояд, ки адади 5-ро ба 1 000 зарб занем, пас аз рақами 5 се маротиба пайиҳам рақами 0-ро менависем ва ғайра.
Супориши 10. Кори фардӣ. Хурморо дар 6 қуттӣ 8-тогӣ гузошта буданд. Баъд ҳамаи хурморо ба 8 қуттӣ баробар ҷойгир карданд. Акнун дар ҳар қуттӣ чанд дона хурмо ҳаст? Қоидаро татбиқ кунед: Оё қоидаи шумо дуруст амал кард? Агар не, онро ислоҳ кунед.
Ҳангоми амали зарб ҷамъи ададҳои баробар такрор мешавад. Хосияти ҷойивазкунии зарбро барои навиштани ифодаҳои баробар истифода бурдан мумкин аст, масалан:
Шумо ин фаслро чӣ ном мегузоштед? Номи худро дар дафтар нависед ва бо номи мо муқоиса кунед: «Хосияти ҷойивазкунии зарб».
1. Санҷед, ки:
2. Қимати ифодаи -ро ҳангоми 100; 1 000; 10 000 будан ёбед.
3. Ададҳоро нависед, ки аз адади 1 000: а) 10 маротиба калон; б) 10 воҳид калон; в) 10 маротиба хурд; г) 10 воҳид хурд бошад.
Аз қисми «Машқҳо»-и ҳамин саҳифа: № 4, 5, 6:
4. Дар самти рости адади 3 485 якто 0, дуто 0, сето 0 навиштанд. Адади додашуда чанд маротиба калон шуд?
5. Дар адади 684 920 000 се рақами нули охиринро хат заданд. Адади мазкур чанд маротиба хурд шуд?
6. Ададеро нависед, ки аз адади 44 500: а) 100 маротиба калон; б) 100 воҳид зиёд; в) 100 маротиба хурд; г) 100 воҳид хурд бошад.
Ҳангоми иваз кардани ҷойҳои зарбшавандаҳо ҳосили зарб тағйир намеёбад. Ин қонуни ҷойивазкунии зарб номида мешавад.
Аз иваз шудани ҷойҳои зарбшавандаҳо ҳосили зарб тағйир намеёбад:
Аз ҷумла, навишта метавонем, ки
Барои ба 10, 100, 1 000 ва ғ. зарб задани адади натуралӣ кифоя аст, ки ба охири адади натуралӣ мувофиқан як, ду, се ва ғайра рақами 0 илова карда шавад.
Масалан,