Хулоса мебарорем
Тақсими бобақия
Дар ин фасл ҳангоми тақсим баъзан чизе боқӣ мемонд: 2 569 дирамро ба 4 оила тақсим кардем ва 1 дирам боқӣ монд. Тақсими як адади натуралӣ ба адади дигар на ҳамеша бебақия аст.
Масалан, агар 12 дона чормағзро дар байни 4 нафар бачаҳо баробар тақсим кунем, ба ҳар яке 3-тогӣ чормағз мерасад. Агар 13 дона чормағзро дар байни ин чор нафар баробар тақсим кунем, 1-то чормағз боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, агар 14 дона чормағз ба 4 нафар баробар тақсим карда шавад, онҳо сетогӣ мегиранду боз 2 чормағз боқӣ мемонад. Дар мавриди 15-то чормағзро ҳамин тавр тақсим кардан 3-то чормағз боқӣ мемонад. Вале агар 16 дона чормағз дар байни ин 4 нафар баробар тақсим карда шавад, ҳар яке 4-тогӣ чормағз мегираду ягон чормағз боқӣ намемонад.
Ададҳои 12, 13, 14, 15 ва 16 тақсимшаванда, адади 4 тақсимкунанда, ададҳои 1, 2, 3 бақияи тақсим (мухтасар бақия) мебошанд. Навишта метавонем: