Зудтар ҳисоб мекунем
Мисоли 2. -ро ҳисоб мекунем. 5 ва 2-ро якҷоя мекунем:
1 соат
Мисоли 2. -ро ҳисоб мекунем. 5 ва 2-ро якҷоя мекунем:
Мисоли 3. -ро ҳисоб мекунем. 8 ва 125-ро якҷоя мекунем:
Супориши 11. Кори фардӣ. Ҳадафҳоеро, ки шумо бояд дар охири фасл ба даст оред, баррасӣ кунед. Шумо медонед, ки хосияти гурӯҳбандии зарб чист. Шумо метавонед хосияти гурӯҳбандии зарбро татбиқ кунед, аз ҷумла дар ҳаёти воқеӣ, ва барои тезтар иҷро кардани амали зарб истифода баред. Шумо мефаҳмед, ки ҳосили зарб аз иваз кардани тартиби зарби зарбшавандаҳо дигар намешавад.
Худро дар айни замон чӣ гуна арзёбӣ мекунед: кадом ҳадафҳоро пурра (+), кадомашро қисман (±) ва кадомашро то ҳол (–) ба даст наовардаед?
Супориши 12:
1. Дар ҳар дақиқа ба ҳавз 36 л об ворид мегардад. Дар 1 соат, 2 соат, 24 соат ба ҳавз чанд л об ворид мегардад?
2. Зокир, Воҳид ва Анвар шашкабозӣ карданд. Ҳар кадоме аз онҳо 2 бозӣ гузаронид. Ҳамагӣ чанд бозӣ гузаронида шуд?
3. Як даҳиро бо ду даҳӣ: а) ҷамъ карданд; б) зарб заданд. Дар натиҷа чандто даҳиро ҳосил карданд?
4. Ҳосили зарби бо кадом рақам тамом мешавад?
5. Ҳангоми вохӯрӣ чор нафар хонандаи синфи 5 бо ҳамдигар даст доданд. Ҳамагӣ чандто чунин дастдиҳиҳо ба мушоҳида расид?
6*. Тори пӯлодини 30 метр дарозӣ доштаро ба се ҳисса ҷудо карданд. Яке аз ҳиссаҳо аз ҳиссаи якум 3 м дарозтару аз ҳиссаи дуюм 3 м кӯтоҳтар буд. Дарозиҳои ҳар яке аз ҳиссаҳоро ёбед.
7. Адади 18-ро ҳамчун суммаи се адади баробар навишта, пас аз он суммаи ҳосилкардаатонро дар шакли ҳосили зарб нависед.
8. Муодиларо ҳал кунед:
9. Адади додашуда 12 аст. Адади дуюм аз 12 ду маротиба калон, адади сеюм аз натиҷаи ҳосилшуда 2 маротиба калон ва адади чорум аз адади додашуда 3 маротиба хурданд. Суммаи ин чор ададро ёбед.
10. Адади 6-ро аввал 3 карат, баъд 4 карат ва пас аз ин 5 карат калон карда, аз натиҷаи ҳосилшуда 359-ро тарҳ карданд. Дар ҷавоб чанд ҳосил шуд?
Ин ҳосилҳои зарбро дар хотир доред — онҳо ададҳои яклухт медиҳанд:
Супориши 13. Кори фардӣ. Ба саволҳои зерин ҷавобҳои худро нависед:
Супориши 14. Кори фардӣ. Худро арзёбӣ кунед. Арзёбӣ кунед, ки кадом ҳадафҳои фаслро ба даст овардед. Аз куҷо медонед, ки ба ҳадафи ҳар як савол расидед ё не? Агар ба ҳадаф расида бошед ✓, агар ҳанӯз не ✗ гузоред. Намунаи супоришҳоеро оред, ки шумо тавонистед ё натавонистед иҷро кунед.
☐ Ман медонам, ки хосияти гурӯҳбандии зарб чист.
☐ Ман метавонам, ки хосияти гурӯҳбандии зарбро татбиқ кунам, аз он ҷумла дар ҳаёти воқеӣ.
☐ Ман метавонам, ки хосияти гурӯҳбандии зарбро барои тезтар иҷро кардани амали зарб истифода барам.
☐ Ман мефаҳмам, ки ҳосили зарб аз иваз кардани тартиби зарби зарбшавандаҳо дигар намешавад.
Дар кадом самтҳо ба шумо ёрӣ лозим аст?
Ҳосили зарби бо кадом рақам тамом мешавад?
Бо роҳи зуд ҳисоб кунед: